Ҷаласаи Шӯрои собиқадорони Агентӣ доир гардид

0
1515

16 январ дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ҷаласаи Шӯрои собиқадорон баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои ташкилӣ баррасӣ гардиданд. Ба ҳайати Шӯро 5 собиқадор, ки дар Агентӣ зиёда аз 10 сол хизмат намудаанд, интихоб гардиданд. Инчунин бо роҳи овоздиҳӣ раиси Шӯрои собиқадорон полковники мустаъфӣ Ғаниев Ҳ.Ғ. интихоб гардид.     Сипас дар назди аъзоёни Шӯро муовини Директори Агентӣ полковник Ҳ. Маҳмудзода баромад намуда, аъзоёни тозаинтихоби Шӯроро табрик намуд. Ӯ инчунин қайд намуд, ки собиқадорони Агентӣ саҳми арзандаи худро барои омӯзиши кормандони ҷавон гузошта истодаанд. Масалан, як қатор собиқадорон соли сипаригашта дар рафти тренинг кормандони оперативии Агентиро ба истифодаи амалии Қонуни ҶТ “Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ”, талаботи Кодексҳои Ҷиноӣ ва Ҷиноӣ-Протсессуалӣ, асосҳои криминалистика барои кушодаи ҷиноят, усулҳои истифодаи воситаҳои техникӣ омӯзиш доданд.

Дар хотима масъалаҳои ҷории Шӯрои собиқадорон муҳокима гардиданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД