ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗӢ ДАР АГЕНТӢ

0
602

30 июни соли 2018 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ – муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  Азим Иброҳим ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъадор баргузор гардид, ки дар кори он муовинони раиси Шӯро – Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзоёни Шӯро аз ҳисоби роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ахбороти Директори Агентӣ Шерхон Салимзода оиди вазъи ҷинояткорӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои вобаста ба маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони муосир ва ҳамчунин ахбороти муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Умарзода оид ба содиршавии ҷиноятҳои мухаддиротӣ ва ҷой доштани истеъмоли маводи мухаддир дар байни наврасону ҷавонон шунида шуд.

Дар баробари ин аз ҷониби аъзоёни Шӯро мубодилаи афкор ҷиҳати ташкил ва гузаронидани санҷишҳои интихобӣ дар байни хонандагони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти умумӣ, ҷиҳати ҷой надоштани истеъмоли маводи мухаддир сурат гирифт.

Ҷаласаи Шӯро қайд кард, ки дар партави иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Стратегияи миллии мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар самти назорати муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгири нашъамандӣ корҳои назаррасе анҷом дода шудааст.

Аз ҷумла, ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои дигари зиёде вобаста ба маводи нашъаовар ошкор ва нисбати гунаҳкорон чораандеши карда шудааст. Аз муомилоти ғайриқонунӣ ба миқдори махсусан калон маводи нашъаовар мусодира карда шуда, дар якуним соли охир 14 гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша ошкор ва фаъолияти онҳо қатъ гардонида шудааст, 41 нафар саркардагон ва аъзоёни ин гурӯҳҳои муташаккил дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Шумораи нашъамандон дар 5 соли охир 4 фоиз ва дар соли ҷорӣ 3,1 фоиз қоҳиш ёфтааст. Дастгиршавии шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар 33 фоиз кам шудааст, аз ҷумла дар Федератсияи Россия 36 фоиз. Аз тариқи  воситаҳои нақлиёти роҳи оҳани Тоҷикистон ягон ҳолати қочоқи маводи нашъаовар дар хориҷа ошкор нашуда, аз тариқи нақлиёти ҳавоӣ ҳамагӣ 1 ҳолат ошкор шудаастту халос.

Дар хотимаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД