Тренинг оид ба расонидани ёрии аввалини тиббӣ

0
1472

13022017-113 феврал дар Маркази таълимии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ тренинг дар мавзӯи “Ёрии аввалини тиббӣ ҳангоми амалиётҳои ҷангӣ”, ки аз ҷониби Шуъбаи ҳамкориҳои ҳарбии Сафорати ШМА дар Тоҷикистон ташкил карда шуд, ба кори худ шурӯъ намуд.

 

Дар давоми даҳ рӯз дастурдеҳони Сафорати ШМА дар Тоҷикистон малакаи касбии мутахассиони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, ВКД ҶТ, Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-ро дар самти наҷот додани хизматчиёни ҳарбӣ дар майдони муҳориба баланд мебардоранд.

Ҷараёни омӯзишро муовини Директори Агентӣ полковник М.Ҳайдарзода кушода, иштирокчиёни тренингро дуруд гуфт ва ба Шуъбаи ҳамкориҳои ҳарбии Сафорати ШМА дар Тоҷикистон барои ташкили тренинг арзи сипос намуд.

Дар интиҳои тренинг ба иштирокчиёни он сертификат супорида мешавад.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД