Раёсати Созмони Милали Муттаҳид: истеҳсоли ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Афғонистон

0
3249

23 октябри соли 2016 Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар сомонаи худ ҳисоботи қаблиро оид ба афюн дар Афғонистон дар соли 2016 нашр намуд.

Мутобиқи маводи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, ки дар якҷоягӣ бо Вазорати мубориза алайҳи маводи мухаддири Афғонистон омода намудааст, майдони кишти кӯкнор дар Афғонистон 201 000 гектарро ташкил дод, ки ин нишондод аз нишондоди соли 2015 10% зиёдаст. Дар ҳамин ҳол сатҳи бақайдгирифташудаи кишти соли ҷорӣ аз нишондодҳои соли 2014 (224000 га) ва 2013 (209000 га) нисбатан камтар мебошад.


Кишти кӯкнор ва истеҳсоли афюн дар Афғонистон дар солҳои 2010-2016.

Дар қиёс бо солҳои пешин миқдори умумии вилоятҳо, ки дар онҳо кишти кӯкнор ба қайд гирифта шудаанд, зиёд гардиданд. Ба 20 вилояти Афғонистон, ки дар онҳо кишти кӯкнор ба қайд гирифта шуданд, боз як вилоят – Ҷузҷон илова гардид. Дар қаламрави он дар соли 2016 – 409 гектар майдони кишти кӯкнор ба қайд гирифта шуд. Дар соли 2015 кишти кӯкнор дар вилояти Балх ба қайд гирифта шуд.

Ҳамин тариқ, дар соли 2016 аз 34 вилояти Афғонистон дар 21 вилоят кишти кӯкнор ба қайд гирифта шуда, дар 13 вилоят кишт ба қайд гирифта нашудааст.

Дар вилоятҳои Тахор ва Қундуз, ки бо Тоҷикистон ҳамсарҳад мебошанд, 5 сол инҷониб кӯкнор кишт карда намешавад.

Дар қаламрави вилояти Бадахшон майдони кишти кӯкнор ба 55% зиёд гардид – аз 4 056 гектар дар соли 2015 г. то 6 298 гектар дар соли 2016. Дар вилояти Балх майдони кишти кӯкнор 10 маротиба зиёд гардид – аз 204 гектар дар соли 2015 то 2085 гектар дар соли 2016.

Чун солҳои қаблӣ қисми зиёди кишти кӯкнор дар минтақаи ҷанубу ғарби Афғонистон қарор дорад. Дар соли 2016 дар ин минтақа 84% ҳамаи майдони кишти кӯкнор қарор дорад(дар соли 2015 – 89 %).

Таносуби майдони кишти кӯкнор дар минтақаҳо дар солҳои 2015-2016

Минтақа Майдони кишти кӯкнор (гектар) Ҳиссаи минтақа
2015 c. 2016 c. +/- 2015 c. 2016 c.
Минтақаи ҷанубӣ 119765 117987 -1% 65% 59%
Минтақаи ғарбӣ 44308 51067 +15% 24% 25%
Минтақаи шарқӣ 12242 17608 +44% 7% 9%
Минтақаи шимолу-шарқӣ 4056 6298 +55% 2% 3%
Минтақаи шимолӣ 1875 7951 +324% 1% 4%
Минтақаи марказӣ 321 398 +24% 0,2% 0,2%
Майдониумумӣ 183000 201000 10% 100% 100%

Аз майдони умумии кишти кӯкнор дар Афғонистон ҳиссаи минтақаи ҷанубӣ 59%-ро ташкил менамояд, минтақаи ғарбӣ – 25%, минтақаи шарқӣ – 9%, минтақаи марказӣ – 0,2%, минтақаи шимолу шарқӣ – 3% ва минтақаи шимолӣ – 4%.

Дар қиёс бо соли 2015 майдони кишти кӯкнор дар минтақаҳои Афғонистон зиёд гашт: дар минтақаи ғарб – 15%, дар минтақаи шарқӣ – 44%, дар минтақаи марказӣ – 24% ва дар минтақаи шимолӣ – 2,4 маротиба.

Яке аз сабабҳои зиёд гаштани кишти кӯкнор – ин нагузаронидани чорабиниҳо оид ба нобуд сохтани майдони кишти кӯкнор мебошад. Дар як сол ҳамагӣ 355 гектар майдони кишт нобуд карда шуд, ки ин назар ба нишондоди соли 2015 91% кам мебошад (3760 га). Аз 355 гектар майдони нобудшуда 270 гектар ба вилояти Бадахшон рост меояд.

Ҳамагӣ дар соли 2016 чорабиниҳо оид ба нобуд сохтани майдони кишти кӯкнор дар 7 вилояти Афғонистон гузаронида шуданд – Лағмон, Нангарҳор, Бадахшон, Тахор, Сари Пул, Қандаҳор ва Нимруз. Дар соли 2015 чунин амалиётҳо дар 12 вилоят гузаронида шуда буданд.

Дар соли 2016 фермерҳо бар зидди амалиётҳо оид ба нобуд сохтани майдони кишт ошкоро муқовимат намуда, ҳамла менамуданд. Дар соли 2015 5 корманд ҳалок гардида, 18 нафар захмӣ гардиданд.

Истеҳсоли афюн дар Афғонистон дар соли 2016 дар сатҳи 4 800 тонна арзёбӣ гардид, ки ин дар қиёс бо соли 2015 1 500 тонна ё 43% зиёд мебошад. Ҷамъоварии миёнаи афюн аз ҳар гектар 30% зиёд гашт: аз 18,3 кг дар соли 2015 г. то 23,8 кг дар соли 2016. Инчунин, дар давоми сол нисбати бемориҳои растании кӯкнор, ки ба серҳосилии кӯкнор таъсир мерасонанд, иттилоот мавҷуд набуд.

Таносуби истеҳсоли афюн дар Афғонистон дар солҳои 2015-2016

Минтақа          Истеҳсолиафюн (тонна)         Ҳиссаи минтақа
2015 c. 2016 c. +/- 2015 c. 2016 c.
Минтақаи ҷанубӣ 1928 2591 +34% 58% 54%
Минтақаи ғарбӣ 722 1139 +58% 22% 24%
Минтақаи шарқӣ 447 571 +28% 13% 12%
Минтақаи шимолу-шарқӣ 161 196 +22% 5% 4%
Минтақаи шимолӣ 72 278 +286% 2% 6%
Минтақаи марказӣ 13 18 +38% 0,40% 0,38%
Ҳаҷми умумӣ 3300 4800 +43% 100% 100%

Минтақаи ҷанубӣ минтақаи асосӣ оид ба истеҳсоли афюн боқӣ мемонад. Аз ҳаҷми умумии истеҳсоли афюн дар Афғонистон ҳиссаи минтақаи ҷанубӣ 54%-ро ташкил менамояд, минтақаи ғарбӣ – 24%, минтақаи шарқӣ – 12%, минтақаи шимолу шарқӣ – 4%, минтақаи марказӣ – 0,4% ва минтақаи шимолӣ – 6%.

Таносуби истеҳсоли афюн дар минтақаҳои Афғонистон дар солҳои 2015-2016аз 1 гектар

Минтақа  Истеҳсоли афюн (1кг/гектар)
2015 c. 2016 c. +/-
Минтақаи ҷанубӣ 16,1 22 36%
Минтақаи ғарбӣ 16,3 22,3 37%
Минтақаи шарқӣ 36,5 32,4 -11%
Минтақаи шимолу-шарқӣ 39,6 31,2 -21%
Минтақаи шимолӣ 38,3 35 -9%
Минтақаи марказӣ 41,5 46,1 11%
Ҳаҷми умумӣ 3300 4800 45%

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД