Зодаи Гурҷистон ба хариду фурӯши ғайриқонунии героин машғул буд

0
1377

Хадамоти тафтишотии Раёсати Хадамоти Федералӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар вилояти Кемерови Федератсияи Россия тафтишотро оид ба парвандаи ҷиноятии аъзоёни гурӯҳи ҷинояткор, ки мехостанд героинро дар ҳаҷми махсусан калон ба фурӯш бароранд, ба итмом расонид.

Дар рафти амалиёти махсуси кормандони Хадамоти назорати маводи нашъаовар ва ҷузъу томи таъиноти махсуси “Гром” дар ноҳияи Пионер ду нафар аъзоёни гурӯҳи ҷинояткор аз дохили автомобил дастгир гардиданд. Онҳо кӯшиши пинҳон шуданро доштанд ва ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада бо автомашинаи КАМАЗ бархӯрданд.

Ҳангоми кофтукови воситаи нақлиёти дастгиршудагон кормандони Хадамоти назорати маводи нашъаовар аз нишастгоҳи ақиб халтаеро, ки дар он қуттии картонӣ бо чор шишаи пластмассии пур аз героин мавҷуд буд, дарёфт намуданд. Вазни умумии маводи нашъадор зиёда аз ду килограммро ташкил мекард.

Ронандаи автомобил зодаи 47-солаи Гурҷистон мебошад, ҳаммаслаки ӯ – директори турбаза, истиқоматкунандаи 45-солаи Барнаул мебошад. Чуноне, ки тафтишот муайян намуд, онҳо оид ба хариду фурӯши героин дар ҳаҷми махсусан калон забон як карда буданд. Маводи нашъаоварро онҳо аз Новосибирск харидорӣ карданд.

Айни замон парвандаи ҷиноятии ин нашъаҷалобон ба суди вилоти Камеров ирсол гардидааст.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД