Иштироки Директори Агентӣ дар Конфронси 34-юми байналмилалии мубориза бар зидди маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Доминикан

0
2519

16-18 майи соли 2017 дар ш.Пуанта Канаи Ҷумҳурии Доминикан Конфронси 34-юми байналмилалии мубориза бар зидди маводи мухаддир (IDEC XXXIV) баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони воломақоми идораҳои зиддимухаддиротии кишварҳои ҷаҳон иштирок намуданд.
19052017-1Аз номи ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс Директори Агентӣ Шерхон Салимзода бо маърӯза баромад карда, ба иштирокчиён роҷеъ ба сиёсати зиддимухаддиротии Ҳукумати Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Дар суханронии худ Директори Агентӣ оид ба иқдом ва дастовардҳои кишвар дар соҳаи мубориза бо маводи мухаддир маълумот дода, қайд намуд, ки мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз ҷузъҳои мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил, аз ҷумла терроризм мебошад. Дар ин росто, таҳким ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, аз ҷумла амалҳои ҳамоҳангшудаи ҷонибҳои манфиатдор ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин маврид муҳим арзёбӣ гардид.
Қайд гардид, ки таҷрибаи Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар заминаи ҳамкориҳои ҳамоҳангшуда ва боварии мутақобилаи сохторҳои зиддимухаддиротии кишварҳои минтақа асос ёфтааст.
Иштирокчиёни Конфронс ба саҳми Тоҷикистон дар мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар баҳои сазовор доданд.19052017-2

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД