Иштироки Директори Агентӣ дар ҷаласаи Кумитаи барномаи минтақавӣ

0
1109

6 май дар шаҳри Ашхобод ҷаласаи Чоруми кумитаи Идоравии баромаи Минтақавии дастигирии кӯшишҳо оид ба мубориза бар зидди маводи нашъаовар дар Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарони идораҳои зиддимухаддиротии кишварҳои Осиёи Марказӣ, Эрон, Афғонистон ва Покистон иштирок намуданд.

Иштирокчиёни ҷаласа чораҳоро оид ба эътидол овардани вазъи вобаста ба маводи нашъаовар ва муқобилат ба интиқоли маводи мухаддир дар минтақа муҳокима карданд, инчунин омодагиро барои андешидани чораҳои судманд бар зидди маводи мухаддир арзёбӣ намуданд.

Дар ҷаласа Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Р. Назарзода иштирок намуд. Дар баромади худ ӯ қайд намуд, ки Барномаи минтақавӣ барои мустаҳкам намудани ҳамкорӣ байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои минтақа дар мубориза бар зидди гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ, ташкил намудани курсҳои мухталифи омӯзишӣ, такмили ихтисоси кормандони мақомоти салоҳиятдор ва баланд бардоштани иқтидори онҳо барои мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мусоидат намуд.

Созмон додани намуди нави ҳамкорӣ дар чорчӯбаи Барнома – вохӯрии сеҷонибаи Вазирон/Роҳбарони сохторҳои зиддимухаддиротии Афғонистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон, ба ном “Ташаббуси АҚТ”, тасдиқи гуфтаҳо мебошад.

Қайд гардид, ки Тоҷикистон кӯшишҳои Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, кишварҳои маблағгузор ва созмонҳои байналмилалиро, ки дар якҷоягӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ якчанд лоиҳаҳо ва барномаҳоро таҳия менамояд, ҳамеша дастгирӣ менамояд.

Дар натиҷаи ҳамкории ҳамарӯзаи Ҳукумати ҶТ бо Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, ки шарики боътимод ва ҳамоҳангсоз дар самти зиддимухаддиротӣ мебошад, заминаи меъёрӣ-ҳуқуқи мубориза бар зидди маводи нашъаовар созмон дода шудаааст.

Роҳбари Агентӣ самаранокии таҳияи “Барномаи минтақавии СММ оид ба дастгирии кӯшишҳо дар мубориза бар зидди маводи нашъаовар дар Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояро барои солҳои 2011-2015 махсусан қайд намуд ва нияти иштирокчиёни ҷаласаро оиди муроҷиат намудан ба Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар бораи тамдид додани Барномаи мазкур дастгирӣ намуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД