Иштироки роҳбарияти Агентӣ дар Конфронси байналмилалии зиддимухаддиротӣ

0
1210

Аз 1 то 4 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Картахена-де-Индиаси Ҷумҳурии Колумбия Конфронси байналмилалии зиддимухаддиротӣ (IDEC-XXXII) баргузор гардид, ки дар он Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Назарзода иштирок намуд.

Дар кори Конфронси байналмилалии зиддимухаддиротӣ 323 намоянда аз 108 мамлакат ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд. Дар рӯзномаи Конфронс масъалаҳои зерин пешбинӣ шуда буданд:

– истеҳсоли кокаин дар Амрикои Ҷанубӣ ва героин дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, роҳҳои ҳалли проблемаи пешгирии паҳншавии онҳо;

– коркарди гурӯҳҳои муташаккили нашъаҷаллоб, ки дорои робитаҳои трансмиллӣ мебошанд;

– таъмини назорати молиявӣ аз болои фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша;

– пешгири нашъамандӣ.

Директори Агентӣ дар баромади худ дар бораи татбиқи Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти назорати муомилоти маводи нашъадор маълумот дод. Ҳамчунин, ба иштирокчиён оид ба Конфронси байналмилалӣ дар сатҳи олӣ оид ба мушкилоти таҳдидҳои маводи нашъаовар, ки санаи 27 майи соли 2015 дар ш.Душанбе баргузор ва дар он Изҳороти муштарак қабул гардида буд, ахборот пешниҳод намуд.

 

Директори Агентӣ инчунин дар бораи ташаббусҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар Конфронси Душанбегӣ баён ва аз ҷониби иштирокчиён дастгирӣ ёфта буданд, ба диққати иштирокчиёни Конфронси байналмилалии зиддимухаддиротӣ расонд. Ин вобаста ба созмон додани гурӯҳи коршиносони махсуси бисёрҷониба таҳти сарпарастии СММ барои баррасии ҳаматарафаи масъалаҳои мушаххас ва иҷрошаванда дар самтҳои гуногуни рушди иқтисодиёт ва хоҷагии қишлоқ бо мақсади коҳиш додан ва дар оянда маҳв намудани кишти кукнор дар ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, инчунин муроҷиатнома ба Иҷлосияи махсуси Ассамблеяи Генералии СММ, ки соли 2016 даъват мешавад, барои дида баромадан ва дастгирӣ намудани ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани солҳои 2016-2020 “Панҷсолаи чорабиниҳои глобалӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим” мебошанд.

Дар доираи сафари мазкур Директори Агентӣ бо як қатор роҳбарони ҳайати давлатҳо, ки дар кори Конфронси байналмилалии зиддимухаддиротӣ ширкат доштанд, вохӯриҳо доир намуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД