Кормандони Агентӣ дар Дави миллӣ иштирок намуданд

0
1124

Субҳи 21 май дар даромадгоҳи маҳаллаи Чорбоғи шаҳри Душанбе зиёда аз 51 ҳазор нафар ҷавонону наврасон ва сину соли гуногуни аҳолии шаҳри Душанбе ва масъулини соҳаҳои мухталифи мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маросими ифтитоҳи дави миллӣ иштирок намуданд, ки он бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Инчунин, зиёда аз 140 нафар кормандони Дастгоҳи марказии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар ин чорабинии ҷамъиятӣ-варзишӣ фаъолона ширкат варзиданд.
Дар интиҳо ғолибон муайян гардида, ба онҳо медалу ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
Масофаи Дави миллӣ зиёда аз 10 км-ро дарбар гирифта, аз даромадгоҳи маҳаллаи Чорбоғ оғоз гардид ва тавассути хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то Наврӯзгоҳ анҷом ёфт.
Ин иқдом дар асоси Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи Дави миллӣ» ҳамасола дар саросари кишвар баргузор мегардад.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД