Ба иштирокчиёни курси омӯзишӣ сертификат супорида шуд

0
1705

1 апрел дар Маркази таълимии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ маросими супоридани сертификат ба иштирокчиёни курси омӯзишии панҷрӯза барои афсарони ҳамкории сарҳадӣ баргузор гардид, ки он дар чорчӯбаи Лоиҳаи XAC/K22 «Муқовимат ба интиқоли маводи нашъаовари гурӯҳи афюнӣ аз Афғонистон тариқи хатсайри шимолӣ бо роҳи тақвият бахшидани иқтидори нуқтаҳои асосии назоратӣ-гузаргоҳӣ ва созмон додани Дафтарҳои ҳамкории сарҳадӣ” ташкил карда шуд.


Иштирокчиёни курс бо ташкили мубориза бар зидди қочоқи воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, бо тартиби ҷамъоварӣ ва таҳлили ахбори оперативӣ шинос гардиданд. Дарсҳои амалӣ оид ба азназагузаронии нақлиёти автомобилӣ бо ёрии сагҳои хизматӣ, ошкор намудани маводи нашъаовар дар махфигоҳ, инчунин бо ёрии экспресс-тестҳо гузаронида шуданд.

Дар маросими супоридани сертификат Директори Агентӣ Ш. Салимзода, муовини вазири корҳои дохилӣ, муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ, муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ ва роҳбари намояндагии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар баромади худ Директори Агентӣ аҳамиятнокии курсҳоро баҳри баланд бардоштани самаранокии мубориза бар зидди маводи нашъаовар, таҳкими ҳамкории мақомоти назораткунанда дар нуқтаҳои гузаргоҳии Сарҳади давлатӣ қайд намуда, ба иштирокчиёни курс барори кор таманно намуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД