Машғулиятҳои омӯзишӣ дар вилояти Хатлон

0
1606

Тибқи иҷроиши бандҳои нақшаи гурӯҳи кории байналмилалӣ дар нимсолаи аввали соли 2017 аз 24 июл машғулиятҳои омӯзишӣ барои кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оғоз гардиданд.
Чорабинии мазкур бо дастгирии молиявии Дафтари Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби кормандони Маркази таълимии Шуъбаи кадрҳо ва Шӯрои собиқадорони Агентӣ ташкил ва гузаронида мешавад.
Машғулиятҳои омӯзишӣ муддати 10 рӯз дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб гузаронида мешаванд.
Кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон аз таҷрибаи бойи собиқадорони Агентӣ баҳра бурда, дар фаъолияти оперативии ҳамарӯза истифода менамоянд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД