Машғулиятҳои омӯзишӣ барои кормандони Раёсати Агентӣ дар ВМКБ

0
1240

Тибқи иҷроиши бандҳои Нақшаи гурӯҳи кории байналмилалӣ дар нимсолаи дуюми соли 2017 машғулиятҳои омӯзишӣ барои кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ оғоз гардиданд.
Чорабинии мазкур бо дастгирии молиявии Дафтари Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби Шуъбаи кадрҳои Агентӣ ва Шӯрои собиқадорон ташкил ва гузаронида мешавад.
Машғулиятҳои омӯзишӣ муддати 10 рӯз дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ гузаронида шуда, ҳамзамон ёрии амалӣ-методӣ дар самти ошкори ҷиноятҳо вобаста ба маводи мухаддир расонида мешавад.
Кормандони Раёсати Агентӣ дар ВМКБ аз таҷрибаи бойи кормандони таҷрибадори Агентӣ ва Шӯрои собиқадорони Агентӣ баҳра бурда, дар фаъолияти хизматӣ ҳамарӯза истифода менамоянд.
Баъди анҷоми машғулиятҳо сертификати махсус супорида мешавад.DSC03681

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД