Курсҳои омӯзишӣ доир ба кушодан ва тафтиши ҷиноятҳо

0
1291

Тибқи «Нақшаи чорабиниҳо оид ба омода намудани кормандони мақомоти қудратӣ дар соҳаи муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари кишварҳои – аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ барои соли 2015» дар Маркази таълимии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ аз 19 то 30 октябри соли 2015 курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ баргузор мегарданд.

Дар курсҳои мазкур 20 нафар кормандони Агентӣ иштирок намуда, дар мавзӯҳои «Масъалаҳои рӯзмарра оид ба кушодан ва тафтиши ҷиноятҳо дар соҳаи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар» омӯзиш мегиранд.

Курсҳои омӯзишӣ аз тарафи устодони ботаҷрибаи донишкадаи Шимолу-Ғарби Хадамоти Федеролӣ оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовари Федератсияи Россия гузаронида мешавад.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД