Семинари омӯзишӣ дар бинои Раёсати ВКД

0
1221

Тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи «Стратегияи миллӣ мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар бинои маъмурии Раёсати ВКД дар ш. Душанбе семинари омӯзишӣ гузаронида шуд, ки дар он кормандони шӯъбаҳои ВКД дар ноҳияҳои шаҳрӣ ва дастгоҳи марказии Раёсат шаркат варзиданд.

Семинари мазкур дар чорчӯбаи нақшаи баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар ва истеъмоли воситаҳои нашъадор ташкил карда шуд.

Чунин семинарҳо дар ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ваҳдат ва Шаҳринав, инчунин ш. Турсунзода гузаронида шуда буданд.

Дар семинарҳои омӯзишии баргузоргардида, ба кормандини милиса иттилоот оид ба вазъи нашъамандӣ дар ҶТ ва минтақа, масирҳои асосии интиқоли маводи нашъаовар, қонунгузорӣ, истилоҳоти вобаста ба муомилоти маводи нашъаовар, намудҳои нави маводи нашъаовар пешкаш гардида буд.

Дар рафти семинари омӯзишии мазкур қайд гардид, ки имкониятҳо ва дараҷаи ихтисоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд бо суръат баланд бардошта шавад, то ин ки роҳи зиёдшавии ҷинояткорӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар гирифта шавад. Аз ҳамин лиҳоз, доштани маълумоти пурра дар бораи маводи нашъаовар, вазъи нашъамандӣ дар ҷумҳурӣ ва минтақа муҳим мебошад.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД