Семинари омӯзишӣ дар Маркази таълимии Агентӣ

0
1329

Бо ташаббуси Шӯъбаи кадрҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ва бо дастгирии СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми сентябр то 02 октябри соли 2015 семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Коҳиш додани зарар ва пешгирии ВНМО дар байни истеъмолкунандогони тазриқии маводи нашъаовар» дар Маркази таълимии Агентӣ баргузор гардидааст.

Иштирокчиёни семинар кормандони раёсату шӯъбаҳои Дастгоҳи марказӣ ва раёсатҳои Агентӣ дар вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ВМКБ мебошанд. Мавзӯҳои семинар аз тарафи устодони ботаҷрибаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба иштирокчиён, ки шумораи умумиашон 13 нафарро ташкил медиҳанд, омӯзонида мешаванд.

Раванди омӯзиш аз 8 модул иборат буда, суолҳои: нақши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба саломатии аҳолӣ ва амалкард дар ҷои ҳодиса, беҳдошт ва бехатарии меҳнат ва ғайраро дар бар мегирад.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД