Тренинги таълимӣ дар ноҳияи Шаҳринав

0
1166

Санаи 24 ноябри соли ҷорӣ аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Академияи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав тренинги таълимӣ баргузор гардид.

Дар тренинги таълимӣ намояндагони Агентӣ доир ба вазъи нашъамандӣ дар ҶТ, масъалаҳои пешгирии нашъамандӣ, тарғиботи тарзи ҳаёти солим ва истеъмоли машруботи спиртӣ маълумот пешниҳод намуданд.

Ҳамзамон дар ноҳияи шаҳринав ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯиистифода аз истеъмоли маводи нашъадор баргузор гардид, ки дар он аъзоёни Шӯро иштирок намуданд.

Инчунин тренинги таълимии мазкур дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шурообод баргузор гардиданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД