Маросими кушодашавии Шӯъбаи нави байниноҳиявии Кӯлоб

0
1583

Баҳри пурзӯр намудани мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии қочоқи маводи мухаддир тавассути ноҳияҳои наздисарҳадӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва мустаҳкам намудани ҳамкорӣ байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва Афғонистон 18 марти соли 2016 дар шаҳри Кӯлоб маросими кушода шудани Шуъбаи байниноҳиявии дар шаҳри Кулоби Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Хатлон, ки бо тарҳи наву замонавӣ сохта шуда аст, баргузор гардид.

Дар маросими кушодашавӣ Директори Агентӣ Шерхон Салимзода, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Тоҷикистон Юе Бин, намояндаи расмии Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой Сю Найган, роҳбарони мақомоти ҳокимияти давлатии вилоятӣ ва маҳаллӣ, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии вилоят, инчунин васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Бинои маъмурии шуъбаи байниноҳиявии Агентӣ дар шаҳри Кӯлоб мутобиқи Аҳднома байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба расонидани кӯмаки ройгон таъмир гардида, ба истифода дода шуд.

Бинои мазкур дорои таҷҳизоти ҳозиразамон, утоқҳои корӣ, ошхона, таваққуфгоҳи нигоҳдории муваққатӣ, маҷмааи варзишӣ, нақлиёт ва таъмини барқ мебошад, ки барои баланд бардоштани натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматӣ, таъминоти моддӣ-техникии ҷузъу томҳои Агентӣ мусоидат менамояд.

18032016kulob1

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД