Маросими кушодашавии дафтарҳои ҳамкории сарҳадӣ дар нуқтаҳои назоратии гузаргоҳии “Қизил-арт” ва “Бор-Добо”

0
1444

4 июн дар доираи Лоиҳаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ХАС/К22 “Муқовимат ба савдои афюн аз Афғонистон тавассути масири шимол бо роҳи пурзӯр намудани иқтидори нуқтаҳои асосии гузаргоҳии назоратӣ ва бунёди дафтарҳои ҳамкории сарҳадӣ” маросими кушодашавии дафтари ҳамкории сарҳадӣ дар нуқтаҳои назоратии гузаргоҳии “Қизил-арт” ва “Бор-Добо” дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон барпо гардид.

Дар маросими мазкур намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти давлатӣ оид ба назорати маводи нашъаовари назди Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон, хадамоти гумрук, қушунҳои сарҳадӣ, вазоратҳои корҳои дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистону Қирғизистон, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, намояндагони Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) иштирок намуданд.

 

Дар маросими кушодашавӣ намояндаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ қайд намуд, ки дар се моҳи охир ин 2-юмин Дафтари ҳамкории сарҳадӣ мебошад, ки дар сарҳади давлатии ҶТ ифтитоҳ гардидааст. Дафтарҳои мазкур барои баланд бардоштани самаранокии муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар таъин гардида, бо роҳи ҳамкориҳои зичи кормандони мақомоти зикргардида дар нуқтаҳои назорати гузаргоҳии Сарҳади давлатӣ амалӣ мегардад.

 

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД