Силсилавохӯриҳо дар вилояти Суғд

0
1144

Кормандони Раёсати АНМН-и назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд чорабиниҳои зиддимухаддиротӣ дар мактабҳои оливу миёна, қисмҳои низомӣ ва ҷамоатҳо баргузор намуда истодаанд. Аз ҷумла, чунин вохӯриҳо дар Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Омӯзишгоҳи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров ва қисми низомии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ширкати устодон, донишҷӯён, масъулини бахши тарбиявӣ доир карда шуданд.

Зимни вохӯриҳо аз ҷониби баромадкунандагон мазмуну муҳтавои Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шарҳу эзоҳ гардид.

Ҳамчунин доир ба ҷиноятҳои характери коррупсионӣ дошта, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, гароиш ба гурӯҳҳои ифротиву террористӣ баррасӣ гардида, пешгирӣ ва муборизаи дастаҷамъонаи ҷинояту ҷинояткорӣ вазифаи ҳар як шахси соҳибватан шумурда шуд.

Силсилаи чунин вохӯриҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд идома дорад.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД