Зани лӯлиро бо героини афғонӣ дар шаҳри Копейск дастгир намуданд

0
1354

Дар шаҳри Копейск зани лӯлиро дастгир намуданд, ки аз ӯ зиёда аз 500 гр героини афғонӣ мусодира гардид.

Ба диққати кормандони оперативӣ зану шавҳар афтоданд, ки дар манзили хусусӣ дар наздикии шаҳри Копейск зиндагонӣ менамуданд. Зану шавҳар – ҳар ду лӯлӣ, ҳар ду пештар барои фурӯши маводи нашъаовар суд шуда буданд ва қабл аз ин дар маҳбас ҷазо гирифтаанд.

Дар натиҷаи амалиёт ҷинояткорон ҳангоми интиқоли маводи нашъаовар дар автомобили кироя дастгир гардиданд.

Дар рафти тафтишоти минбаъда аз қароргоҳи пинҳонии онҳо тахминан ним килограмм маводи нашъаовар дарёфт гардид.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи чиноӣ оғоз гардид.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД