Ҳифзи солимии ноболиғон аз маводи нашъадор

0
199

Инсонро барҳақ зеботарин  ва хирадмандтарин офаридаи Худованд медонанд, зеро дар баробари ҳусни зоҳирӣ ба ў сирати зебо ва ақл низ насиб гардонидааст. Сирати зебо ё ҳусни ботинии инсон дар ақлу заковат ва рафтору кирдори ҳамидаи ў инъикос меёбад ва ин зебоии воқеиро бе илму маърифат тасаввур кардан ғайриимкон аст. Инсони нексирату соҳибмаърифат метавонад бо мушкилоти зиндагӣ дуруст бархўрд намуда, худ ва наздиконашро аз сарсониву саргардониҳо ҳифз намояд. Аммо, мутаассифона, дар ҷомеа нафароне ҳам ҳастанд, ки аз донишу маърифат канораҷўӣ намуда, дар интихоби роҳи дуруст оҷиз мемонанд ва ҳанўз аз айёми ҷавонӣ ва ҳатто наврасӣ по ба арсаи бадномию ҷинояткорӣ мегузоранд.

Имрўз шояд тамоми аҳолии сайёра то ҷое аз оқибатҳои маргбори нашъамандӣ огаҳӣ доранд, то ба куҷо расидани кори нашъамандро дарк мекунанд ва аз ташвишҳои эҷоднамудаи нашъаҷаллобону истеъмолкунандагони ин маводи марговар хабардоранд, аммо мутаассифона, ҳанўз ҳам нафарони зиёде ин маводи марговарро ба қиммати ҷон харидорӣ мекунанд. Албатта, ҳар як нашъаманд дар нимароҳи кори худ аллакай пай мебарад, ки идомаи кори ў бадбахтии наздикон, касодии молӣ, вайронии оила, аз даст додани обрўю эътибору саломатӣ ва аз ҳама муҳимтар анҷоми фоҷиабор, яъне марги бармаҳали ўст.

Бештари истеъмолкунандагони маводи нашъадор дигар рафтору кирдори худро таҳлил ва идора карда наметавонанд, зеро ин мавод ақли онҳоро тира ва иродаи онҳоро заиф менамояд. Инсони бехирад ва беирода бошад метавонад ҳар лаҳза ба ғорату куштор ва дигар амалҳои разилона даст занад.

Ҳарчанд чораҷўии мақомоти дахлдор, ғамхорию меҳрубонии наздикон барои наҷоти нафарони раҳгумзада натиҷаҳои дилхоҳ диҳад ҳам, аммо беҳтарин воситаи халосӣ аз маводи мухаддир дар ихтиёри ҳар як нафари алоҳида қарор дорад, зеро мусаллам аст, ки тақдири ҳар як инсонро худи ў сомон медиҳад. Бинобар ин, ҷавононро зарур аст, ки иродаи худро дар партави ғояҳои баланди инсонӣ аз қабили башардўстию ватанпарварӣ, ҳуввияти миллию хештаншиносӣ обу тоб дода, бо истифода аз дастовардҳои беҳтарини инсоният дар самти донишу маърифат ва ахлоқи некуву зебоипарастӣ ба тарбияи шахсии худ машғул гарданд, зеро  “Ояндаи кишвар дар дасти ҷавонони солим!” мебошад.

Cоли 2011 Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар байни мактаббачагон, кормандони тибб, ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тадқиқот баргузор намуд. 2544 пурсишнома (анкета) таҳлил карда шуд. Зиёда аз 80% пурсишшавандагон посух доданд, ки воситаи нашъадорро дар шаҳри онҳо қариб истеъмол намекунанд, ягон нафар мумкин истеъмол кунад. Қариб 40% посух доданд, ки воситаи нашъадор дастнорас ё кам дастрас аст. Қариб 38,5% ҳисоб карданд, ки воситаи нашъадор дастрас ё осон дастрас мебошад.

Инчунин соли 2017 Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар якҷоягӣ бо Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар байни хонандагони синфҳои боллоӣ дар мавзӯи “Истеъмоли маводи нашъадор дар байни мактабхонон” тадқиқот гузаронид, ки дар он 5000 толибилмони ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Пурсишномаҳои таҳқиқоти мазкур ҷамъоварӣ шуда, таҳлил аз натиҷаи он аввали соли 2019 нашр хоҳад шуд.

Мувофиқи меъёрҳои илми ҳуқуқи ҷиноятӣ ноболиғ шахсе эътироф мешавад, ки дар вақти содир намудани ҷиноят 14-солагиро пур карда, вале ба синни 18-солагӣ нарасидааст.

Дар соли 2018 тибқи ҳисоботи муассисаҳои соҳаи наркологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ дар ҷумҳурӣ 6059 нашъаманд бақайд гирифта шуда, (соли 2017 – 6947) хушбахтона бо ташхиси “нашъамандӣ” ягон ноболиғи то 17 сола, ки маводи мухаддирро истеъмол менамояд, ба қайд гирифта нашудааст.

Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри

соли 2010, таҳти №560 “Оид ба Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2011-2020” ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 феврали соли  2013, №1409 “Дар бораи Стратегияи  миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” вазорату идораҳои дахлдор вобаста ба тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни кӯдакону наврасон чораҳои зарурӣ андешида истодаанд.

Ҳамин ҳисси баланди масъулият дар назди насли гузашта ва имрӯзу ояндаи Ватан ва миллат, ҳар яки моро водор месозад, ки ба хотири ободиву оромии кишвари азизамон бо тамоми ҳастӣ талош варзем, содиқонаву аҳлона заҳмат кашем, дар ҳифзи манфиатҳои милливу давлатиамон доим зираку ҳушёр бошем, то қарзи худро дар назди Ватан ва халқи Тоҷикистон ба таври сазовор адо намоем.

Ҷавонону наврасони мо бояд аз решаҳои тамаддуни бостонӣ, забону фарҳанги миллӣ ва ойинҳои давлатдории ниёгони худ огоҳ бошанд ва вобаста ба дигаргуниву таҳаввулоти оғози ҳазорсолаи сеюм барои устувор гардонидани пойдевори давлатдории навин ва фарҳангу андешаи миллӣ саъю талош намоянд.

Як маълумоти қобили таваҷҷуҳро мехоҳам манзури шумо гардонам.  

Тавассути Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ барои истифодабарӣ ба Агентӣ як маълумот ворид шуд, ки чунин ном дорад ” Дар бораи истихдоми толибилмон ба системаи тақсиму паҳн намудани маводи нашъадор” қазоқистониҳоро  ҳушдор доданд.  (Казахстанцев предупредили о вербовке школьников в систему распространения наркотиков). Тарҳи ҷаддиди савдои маводи нашъадор бо кӯмаки толибилмон сурат мегирад, ки ба онҳо дар таътили тобистона “кори баландмузд” дода мешавад, яъне нашъаҷаллобон  барои паҳн кардани маводи нашъадор донишҷуён ва мактаббачагонро ҷалб намуданд, онҳоро тавассути робитаҳои интернетӣ пайдо карда, кор пешниҳод мекарданд, дар назари аввал нақшаи кашидашуда безарар метобад, дар асл бошад ин рекламае буд, ки ҷойи пайдо кардани маводи нашъадорро нишон медод. Ба “Курерҳо” дар аввал барои аз санҷиш гузаштан намак, содда ва ҳар чизе, ки ба маводи нашъадор монанд бошад пешниҳод мекарданд. Агар мактабхон аз санҷиш гузарад, ба ӯ маблағи калони корӣ пешниҳод карда, фармоиши ҳаррӯзаашро, яъне миқдори маводи нашъадорро муайян мекарданд. Курерҳоро ба категория тақсим мекарданд, ноболиғи хурдтар маводи нашъадори сабуктар, барои ноболиғи солаш калонтар маводи нашъадори сахттар медоданд. Кормандони политсияи Қазоқистон бо як ноболиғи 16 сола ҳамсуҳбат шуданд ва ӯ тарзи бо нашъаҷаллобон дар робита шуданро нақл кардааст. Кормандони политсия ба падару модарон муроҷиат карда хоҳиш карданд, ки телефонҳои мобилии фарзандонашонро хабар гиранд, то ки донанд онҳо бо чи гуна одамон дар робита ҳастанд.

Албатта, тавре маълум аст, дар бештари маврид маҳз беҳудагардиву дур аз назорати волидайн будани ноболиғон боиси ба ҳаргуна роҳҳои хато рафтани онҳо мегардад. Аз ин лиҳоз, падару модаронро лозим аст, ки ҳама гуна рафтору кирдори фарзандонашонро зери назорат гиранд, то ки ягон лаҳзаи умри онҳо беҳуда сарфи корҳои зараровар нагардад.

Пӯшида нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон дар тамоми баромадҳояшон, оид ба пешгирии вабои аср «Нашъамандӣ ва зарари он»

пайваста таъкид мекунанд, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро масъалаи истеъмоли маводи нашъадор ва машруботи спиртӣ, ба ташвиш овардааст. Ин масъала ба мушкилоти иҷтимоию фарҳангӣ табдил ёфта, хатару таҳдидҳои ҷиддиро барои миллат эъҷод менамояд.

Таҳлили маълумотҳои аз СМИТ ВКД ҶТ дастрасгардида нишон медиҳад, ки дар 5 соли охир ноболиғон (12 нафар) барои содир намудани ҷиноятҳои мухаддиротӣ бештар дар соли 2015 дастгир шудаанд. Гарчанде солҳои 2016-2017 ин шумора камтар шуда бошад ҳам, лекин дар  соли 2018 боз аз ҷониби 7 ноболиғ ҷинояти вобаста ба воситаҳои нашъадор содир шудааст.

Тибқи маълумотҳои Суди Олии ҶТ солҳои 2014-2018 аз 29 ноболиғони барои содир намудани ҷиноятҳои мухаддиротӣ маҳкумшуда, 9 нафари онҳо хонандаҳои таҳсилоти миёнаи ҷумҳурӣ буда, боқимонда 20 ноболиғ дар ягон ҷо таҳсил намекунанд ва ҷойи кори муайян надоранд. Ҳамзамон таҳлил нишон дод, ки дар соли 2017 аз 4 ноболиғи маҳкумшуда, 2 нафари онҳо пеш судшуда мебошанд. Яъне бори аввал аз озодӣ маҳрум шуда, ба худ хулосаи лозимӣ набароварда боз ҷиноят содир намуданд.

Аз таҷриба мисоле мехоҳам манзур намоям, ноболиғ Рамазони 17 сола бори аввал дар синни 14 солагиаш ҷиноятӣ дуздӣ содир карда, бо дастрасии моддаи 27 қ.1 с.4 КМҶ ҶТ бо татбиқи санади авф нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ қатъ карда шудааст. Рамазон ба худ хулосаи лозимӣ набароварда, соли 2015 боз ҷинояти дар моддаи 244 қ.2 КҶ ҶТ пешбинишударо содир намуд, ки бо дастрасии моддаи 87 қ.4 КҶ ҶТ ба Рамазон суди н.Ёвон ҷазо дар намуди корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати сад соат бо давомнокии ду соат дар як рӯз таъин кард. Моҳи июли соли 2018 Рамазон ин даъфа ҷинояти мухаддиротӣ содир намуда, барои ғайриқонунӣ ба шахсияти каси дигар додани 57,9 гр ҳашиш аз ҷониби кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дастгир шуд. Дар рафти тафтишоти пешакӣ сабаби ба ҷиноят даст заданашро Рамазон дар камбизоатӣ маънидод намуд. Падару модар аз ҳам ҷудо ва ӯ бо модари худ дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон иҷорашин буда, дар хона танҳо худаш кор карда, маблағ пайдо мекардааст. Аз нишондоди ӯ бармеояд, ки барои таъмин кардани модар ва  хоҳару додараш ба ҷиноят даст задааст. Парвандаи ҷиноятӣ нисбати Рамазон бо моддаи 200 КҶ ҶТ оғоз шуда, ба суд ирсол гардидааст. Суд албатта бо дарназардошти ҳолатҳои вазнинкунанда ба Рамазон ҷазо таъин мекунад, лекин мо танҳо орзуи онро дорем, ки ноболиғон зиндагии орому осуда дошта бошанд.

Амалҳои номатлуб, содир намудани ҷиноят, хусусан нашъамандӣ ва нашъаҷалобӣ дар ягон давру замон поянда нахоҳанд буд, пойдеворе, иморате, ки тавассути ингуна амалҳо бунёд гаштааст, ноустувор ва бебақост. Хулоса кохи баландафрохтае, ки аз амали носазову маблағи номуроди нопок ба авҷ саркашида, рӯзе валангор хоҳад гашт ва иффат, покдоманӣ, ростӣ, росткорӣ ва солимақлию меҳнатдӯстии ҷавонони миллати куҳанбунёд пирӯз хоҳад буд.

 

Муродзода Фирӯза

подполковники Агентии назорати

маводи нашъаовари назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД