ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗОНИ МИЛЛӢ

0
528

Рӯзҳои 19-20 сентябри соли 2018 дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии (ШҲМ) давлатҳои аъзои Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо (ММҲИОМ) баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайдарзода Муртазо (роҳбари ҳайат), сардори Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалии Ситоди Агентӣ Хуршед Абдуллозода, Намояндагони ваколатдори Агентӣ Абдулҳамид Норзода ва Намояндаи ваколатдори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ММҲИОМ Сафар Ҳабибуллоев муаррифӣ намуданд.

Дар санаи зикр гардида, таҳти раисии ҷониби Қазоқистон дар бинои ММҲИОМ ҷаласаи навбатии ШҲМ давлатҳои аъзои ММҲИОМ доир шуд, ки дар кори он намояндагони ваколатдори мақомоти ҳамоҳангсози давлатҳои аъзои ММҲИОМ, аз ҷумла аз Ҷумҳуриҳои Озорбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон Ӯзбекистон, Федератсияи Россия,  ва инчунин Намояндаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ ширкат варзиданд.

Аъзоёни Шӯрои мазкур лоиҳаи рӯзномаи пешниҳод намудаи коршиносонро баррасӣ намуда, аз ҷумла додани мақоми нозирро дар назди ММҲИОМ ба Маркази иттилоотии ҷиноятӣ оид ба мубориза бо маводи нашъадори Шӯрои ҳамкориҳои давлатҳои араби Халиҷ сазовор донистанд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД