Ҷаласаи тантанавӣ дар Агентӣ

0
203

Субҳи 22 феврал дар байни ҳайати шахсии Агентӣ ҷаласаи тантанавӣ доир карда шуд. Ҷаласаро Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти адлия Шерхон Салимзода оғоз намуда, кормандонро бахшида ба ҷашни 26-умин солгарди Рӯзи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд.

Шерхон Салимзода дар баромади худ иброз доштанд, ки; “Қувваҳои Мусаллаҳ кафили амнияту якпорчагии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон буда, хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои низомӣ дар ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва зиндагии осудаи сокинони кишвар саҳми бузург доранд”. Ҳамчунин қайд намуданд, ки “Ҳифзи марзу буми кишвар аз таҳдиду хатарҳои замони муосир, таъмин намудани амнияти давлату миллат ва суботу оромии ҷомеа бидуни Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно ғайриимкон мебошад”.

Дар ҷаласаи мазкур кормандони Агентӣ оид ба таърихи таъсис, рушду инкишоф ва нақши артиши миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад ва суханронӣ намуданд.

Ҳамчунин кормандоне, ки дар фаъолияти кории худ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ бо рутбаҳои навбатӣ ва сипосномаву дипломҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Дар охир Директори Агентӣ ба кормандони собиқадор таъкид намуданд, ки кормандони ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, садоқат ба Ватан, ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва дӯстиву рафоқат тарбия намоянд.

 

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД