ҶОИ СЕЮМ ДАР САМТИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ

0
73

Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 29.11.2018 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид оид ба бунёд ва таҷдиду навсозии 12 боғу гулгашт ва 92 майдончаи варзишию бозии кӯдакон, ки дар шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд амалӣ гардид, ёдовар шуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 86 вазорату идораҳо ва шахсони алоҳидае, ки дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе чунин иншоот бунёд карда, дар ободу зебо гаштани он нақши худро гузоштаанд, изҳори миннатдорӣ баён намуданд

Ҳамин тавр дар маҷлиси Ҳукумат бо натиҷагирӣ аз ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявӣ ва барои иҷрои сифатноки корҳои бунёду навсозии майдончаҳои варзишӣ ва боғу гулгаштҳо 41 ғолиби озмун ҳавасманд ва бо туҳфаҳо қадршиносӣ карда шуданд.

Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмун ва натиҷагирӣ оид ба сохтумони майдончаи варзишии тарҳи замонавӣ ҷои сеюмро сазовор гардида, бо Диплом ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дар пайгирӣ аз сиёсати созандаи Пешвои миллат аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи июни соли 2018 дар шаҳраки 63 и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе майдончаи варзишӣ сохта ба истифода дода шуд.

Бояд қайд намуд, ки ин дуюм майдончаи варзишие мебошад, ки барои фароғат ва истироҳати шаҳрвандон ва машқу тамрини ҷавонон бо қувваи кории кормандони Агентӣ бунёд мегардад.

Ҳамчунин кормандони Агентӣ бунёди боз як майдончаи варзиширо то тобистони соли 2019 ба нақша гирифтаанд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД