1-УМИ ДЕКАБР РУЗИ УМУМИҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ВНМО/АНМО

0
87

Бо ташшабуси Ташкилоти байналмилалии тандурустӣ аз соли 1988  1-уми декабр ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди  ВНМО/АНМО (ВИЧ/СПИД) аз тарафи СММ эълон гардид. Бо дарназардошти паҳншавии босуръати ВНМО/АНМО ва пешгирӣ аз он, ҳамчунин ба хотираи қурбониён аз ин бемории марговар дар тамоми ҷаҳон бахшида ба ин рӯз чарабиниҳои гуногун баргузор карда мешаванд.

Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи башар ин рӯзро эътироф намуда аз тарафи сохторҳои ҳукуматӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ дар тамоми гӯшаву канори кишвар бахшида ба ин рӯз чорабиниҳои мушаххас баргузор карда мешаванд.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ аз сироятшавӣ ва пешгирии паҳншавии бемории ВНМО/АНМО Агентии назорати маводи нашъавари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки семинару вохуриҳоро дар байни қишрҳои мухталифи аҳолӣ доир намояд.

Таи ҳафтаи равон дар Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон семинар дар мавзӯи “Пешгирии нашъамандӣ ва зарари он”, дар мақомоти иҷроияи маҳалии ҳоқимияти давлатии ноҳияи Шомансур  мизи мудаввар дар мавзӯи “Алоқамандии нашъамандӣ бо ВНМО/АНМО” ва ҳамчунин вохӯрӣ бо хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти умумии №41 дар мавзӯи “Оқибатҳои фоҷеабори нашъамандӣ ва ВНМО/АНМО” дар якҷоягӣ бо мутахассисони соҳаи тибб баргузор карда шуд.

Баргузории чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмиллалии мубориза бар зидди  ВНМО/АНМО тибқи нақшаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон то охири  моҳи декабр идома меёбанд.

 

 

 

 

 

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД