30-юмин Ҷаласаи СММ доир ба масъалаҳои маводи мухаддир дар ҷаҳон

0
1509

19 апрели соли 2016 дар Қaроргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар ш. Ню-Йорк Ассамблеяи Генералии СММ сиюмин Ҷаласаи худро доир ба масъалаҳои ҷаҳонии маводи мухаддир оғоз намуд.

Дар кори ҷаласа ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов ба ҳайси Роҳбари ҳайат ва Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода ширкат ва суханронӣ намуданд.

Дар суханронии худ Роҳбари ҳайат оид ба иқдом ва дастовардҳои кишвар дар соҳаи мубориза бо маводи мухаддир маълумот дода, қайд намуд, ки мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз ҷузъҳои мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил, экстремизм ва терроризм мебошад. Дар ин росто, таҳким ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, аз ҷумла амалҳои ҳамоҳангшудаи ҷонибҳои манфиатдор ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин маврид муҳим арзёбӣ гардид.

Ҷаласаи СММ то рӯзи 21 апрели 2016 идома хоҳад ёфт.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД