Вохӯрии зиддинашъамандӣ дар ноҳияи Шоҳмансур

0
428

Аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони Раёсати кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи “Гастелло”-и ноҳияи Шоҳмансур бо сокинони маҳалла вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур мутахассисон дар мавзӯҳои “Зарар ва оқибатҳои истеъмоли маводи нашъаовар” ва “Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ” маълумот пешниҳод намуданд.
Дар анҷоми вохурӣ ба ҳамаи иштирокчиён варақаҳои иттиллотии зиддинашъамандӣ тақсим карда шуд.
Вохурии мазкур дар телевизиони “Душанбе ”пахш гардид.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД