Чорабиниҳои зиддинашъамандӣ дар ВМКБ

0
570

Мутобиқи нақшаи соҳавии Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир барои солҳои 2013-2020 ва нақшаи чорабиниҳои асосии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ санаи 14 феврали соли равон аз тарафи Раёсати Агентӣ дар ВМКБ дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии ш. Хоруғ дар толори Донишгоҳ чорабинии фарҳангӣ-маърифатӣ доир гардид, ки дар он аз тарафи донишҷӯён саҳначаҳо дар мавзӯи «Оқибати истеъмоли хатарноки маводи мухаддир» пешниҳоди ҷамъомадагон гардонида шуд.
Дар ҷамъбасти чорабинии мазкур байни донишҷӯён ва кормандони Агентӣ саволу ҷавоб доир гардид, ки донишҷӯён ба ҳамаи саволҳои пешниҳоднамудаашон аз мутахасиссон посух бардоштанд.
Кормандони Раёсати Агентӣ дар ВМКБ иштирокчиёни фаъолро бо «Ифтихорнома» сарфароз гардониданд.
Инчунин санаи 15, 16 ва 17 феврали соли равон дар мактаби таҳсилоти умумии №6-и маҳаллаи Носири Хусрав, Гимназияи Президентӣ ва Литсеи Оғо-Хон аз ҷониби кормандони Раёсати Агентӣ вохӯриҳо дар мавзӯҳои: «Меҳмондорӣ ва меҳмоннавозӣ», «Тарзи салом додан ба калонсолон», «Ба маводи мухаддир даст назадани ҷавонону наврасон» , «Хатари ВНМО» баргузор карда шуд.
Вохӯриҳои мазкур тавассути Воситаҳои ахбори омма, инчунин Телевизиони маҳаллӣ ба тамошобинон пешкаш карда шуданд.DSC03986

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД