Сафари ҳайати Тоҷикистон ба Қазоқистон

0
137

31 октябри соли 2017 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Вохӯрии ҷамъбастии тарафҳои Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамдигарфаҳмӣ доир ба ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар (1996) баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Муовини Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид – Директори иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ Ю. Федотов, намояндагони кишварҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Россия, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.
Ҳайати Тоҷикистонро Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти адлия Шерхон Салимзода роҳбарӣ намуд.
Дар ҳайати Тоҷикистон инчунин намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иштирок намуданд.
Вохӯриро Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Кайрат Абдраҳмонов оғоз ва ҷамъбаст намуд.
Дар Вохӯрӣ масъалаҳои тамоюлҳои нав ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, маводи психоактивии нав, маблағҳои ғайриқонунӣ, мубориза бар зидди маблағгузории терроризм, пойдории Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ (ММҲИОМ) дар минтақа баррасӣ гардиданд.
Аз рӯи масъалаҳои Вохӯрӣ Директори Агентӣ ва сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари ВКД ҶТ баромад намуданд.
Дар баромади Директори Агентӣ аҳамияти хосаи лоиҳаи “Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ” (ММҲИОМ) дар самти муқовимат ба хатари паҳншавии маводи нашъаовар қайд гардид. ММҲИОМ саҳми арзандаи худро дар тақвияти назорат аз болои истеҳсол, истеъмол ва гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо дар Осиёи Марказӣ мегузорад. Дар даҳ соли фаъолияти худ ММҲИОМ ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштааст ва имрӯз дар минтақа сохтори ягонаи самараноки иттилоотии ҳамоҳангсоз дар мубориза бар зидди муомилоти маводи нашъаовар маҳсуб меёбад.
02 ноябри соли 2017 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон дар Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ (ММҲИОМ) вохӯрии Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти адлия Шерхон Салимзода бо Директори навтаъиншудаи ММҲИОМ полковники политсия Пустовитов Григорий Борисович баргузор гардид.
Директори ММҲИОМ меҳмонро барои дастгирии Марказ сипосгузорӣ намуда, қайд кард, ки мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон бо ММҲИОМ ҳамкории муштарак дошта, мунтазам иттилооти заруриро пешкаш менамоянд. Ба шарофати ҳамкории судманди ММҲИОМ бо мақомоти салоҳиятдори кишарҳои узви Марказ самаранокии фаъолияти он афзоиш меёбад.
Кишварҳои Туркия ва Муғулистон барои аъзо шудан ба узвияти Марказ изҳороти худро баён намуданд. Ҷумҳурии Исломии Афғонистон инчунин барои аъзо шудани кишвари худ ба Марказ расман муроҷиат намудааст.
Директори ММҲИОМ инчунин доир ба масъалаи маблағгузории минбаъдаи фаъолияти ММҲИОМ ва банақшагирии як қатор чорабиниҳо ба муносибати фаъолияти даҳсолаи ММҲИОМ фикру ақидаҳои худро баён намуд.
Директори Агентӣ Шерхон Салимзода барои истиқболи хуб ва меҳмоннавозӣ арзи сипос намуда, қайд намуд, ки Тоҷикистон мунтазам фаъолияти ММҲИОМ-ро дар чорчӯбаи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дастгирӣ менамояд. Баъдан Директори Агентӣ ҳозиринро бо вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар ҷумҳурӣ, чораҳои андешидаи Ҳукумати Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, ба таҳкими ҳифзи Сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон шинос намуд.
Роҳбари Агентӣ инчунин оид ба фаъолияти мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон дар мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, хусусан бо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша дар мисолҳои мушаххас, инчунин корҳои баанҷомрасида доир ба пешгирии воридшавии моддаҳои психоактивии нав ба ҷумҳурӣ иттилоот дод.
Инчунин тарафҳо доир ба масъалаҳои фаъолияти кормандони мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон дар ММҲИОМ ва иштироки кормандони нав дар озмун оид ба ишғоли вазифаҳои холӣ ибрози ақида намуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо изҳори боварӣ намуданд, ки ҳамкории судманд дар соҳаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар идома хоҳад ёфт.

ЦАРИКЦ

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД