Вохӯрии Директори Агентӣ бо Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия

0
633

28 июни соли ҷорӣ дар чорчӯбаи ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳо — иштирокчиёни аъзои ИДМ вохӯрии Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти адлия Шерхон Салимзода бо Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерали политсияи Федератсияи Россия Колоколтсев Владимир Александрович баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои васеъ намудани ҳамкорӣ дар самти пешгирии ҷиноятҳои фаромиллӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккил, гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, ташкил ва гузаронидани амалиётҳои муштарак, баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ тарафҳо омодагии худро баҳри рушди ҳамкорӣ баён намуданд.

29062017-2

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД