Вохӯрии Директори Агентӣ бо ҳайати вакилони Белоруссия

0
614

19 июли соли 2017 Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ генерал-лейтенанти адлия Шерхон Салимзода бо ҳайати намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Белорус таҳти роҳбарии Прокурори генералӣ Конюк Александр Владимирович вохӯрӣ намуд.
Дар рафти вохӯрӣ Директори Агентӣ меҳмононро оид ба вазъи вобаста ба маводи нашъаовар, тамоюли инкишофи он, роҳҳои асосии интиқоли маводи нашъаовар аз Афғонстон ба Тоҷикистон ва минтақа ба кишварҳои ИДМ,оиди ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар дар қиёс бо кишварҳои Осиёи Марказӣ иттилоот дод, инчунин оиди таърих таъсисёбии Агентӣ, сохтор ва самтҳои асосии фаъолияти он шинос намуд. IMG_1289 IMG_1339
Роҳбари Агентӣ иттило дод, ки дар чорчӯбаи робитаҳои байналмиллалӣ ҳамкории судманд бо Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, ташаббусҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ба роҳ монда шудааст.
Пас Прокурори генералии Ҷумҳурии Белорусбо сухани ҷавобӣ баромад намуда, Директори Агентиро барои иттилооти пурмазмун оиди вазъи вобаста бо маводи нашъаовар дар Тоҷикистон ва минтақа ташаккур гуфта, илова намуд, ки иттилооти мазкур барои дарк намудани он, ки Ҳукумати ҶТ барои мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар чӣ чораҳо андешидааст, мусоидат менамояд. Роҳбари ҳайати намояндагони Белоруссия инчунин пешниҳод намуд, ки соли оянда дар шаҳри Минск конфронси байналмилалӣ оид ба мушкилоти муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар бо иштироки идораҳои зиддимухаддиротии кишварҳои ИДМ ташкил ва баргузор карда шавад.
Вохӯрӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ гузашт.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД