Вохӯрии Директори Агентӣ бо ҳайати Афғонистон

0
552

18 сентябри соли ҷорӣ ҳайати намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таҳти роҳбарии муовини Вазири корҳои дохилии Афғонистон Бахтиёр Абдулхалил ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ боздиди расмӣ намуданд. Дар ин гурӯҳ намояндагон аз Шуъбаи назорати маводи нашъаовар ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Департаменти давлатии ШМА (INL) ва Раёсати мубориза бо маводи нашъаовари ШМА (DEA) дар Афғонистон ва Маркази минтақавии иттилоотии ҳамоҳангсозӣ дар Осиёи Марказӣ (ММИҲОМ) низ шомил буданд.
Дар сухани ифтитоҳии худ Директори Агентӣ генерал-лейтенанти адлия Шерхон Салимзода меҳмононро оид ба вазъи вобаста ба маводи нашъаовар, тамоюл ва пешгӯии инкишофи он, роҳҳои асосии интиқоли маводи нашъаовар, бо тамоюли ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар, инчунин бо сохтори Агентӣ, оиди ҳамкории муштарак бо Вазорати корҳои дохилии Афғонистон шинос намуд.
Роҳбари Агентӣ инчунин қайд намуд, ки соли 2013 “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” қабул гардида, амалӣ шуда истодааст. Қайд карда шуд, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир зиёда аз 10 ташаббусҳои глобалӣ дар самти мубориза бо маводи нашъаовар аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ пешниҳод карда шудааст. 18092017 (3)
Шерхон Салимзода иттилоъ дод, ки дар чорчӯбаи робитаҳои байналмилалӣ ҳамкории судманд бо сохторҳои қудратии Афғонистон, дар доираи созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ба роҳ монда шудааст.
Инчунин дар ҳамкорӣ бо ҳампешагони афғон танҳо дар ду соли охир 27 амалиёти муштарак гузаронида шуд, аз муомилоти ғайриқонунӣ миқдори зиёди маводи нашъаовар мусодира гардид. Аз соли 2008 омӯзиши кормандони полиси афғон, ки бо муходирот мубориза мебаранд, мунтазам ба роҳ монда шудааст.
Роҳбари Агентӣ ба намояндагони ШМА барои расонидани кӯмаки амалӣ дар масъалаи таъминоти техникӣ ва омодасозии мутахассисони Агентӣ арзи сипос намуда, меҳмононро бовар кунонид, ки ҳамаи кӯмаки Ҳукумати ШМА мақсаднок барои ташкили мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар истифода бурда мешавад.
Пас бо сухани ҷавобӣ роҳбари гурӯҳи Афғонистон Бахтиёр Абдулхалил баромад намуда, қайд намуд, ки дар давоми чанд соли охир ҳамкории мутақобила дар мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ба роҳ монда шудааст. Дар чорчӯбаи мубориза бар зидди маводи нашъаовар дар Афғонистон амалиётҳо нисбати мусодира намудани маводи нашъаовар, корҳои пешгирикунанда давом доранд.
Инчунин роҳбари гурӯҳи ШМА Патрик Танимура изҳори боварӣ намуд, ки дар оянда низ чунин ҳамкориҳо рушд меёбанд, чунки вазъи ба амал омада дар минтақа тақозо менамояд, ки тарафҳо дар якҷоягӣ ба зидди ин вабои аср мубориза баранд.
Меҳмонон инчунин дар маросими сӯзонидани маводи нашъаовар дар бухории махсуси Агентӣ иштирок намуданд.18092017 (1)

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД