МУЛОҚОТИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТӢ БО НАМОЯНДАИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД

0
567

3 июли соли 2017 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Директори Агентӣ Шерхон Салимзода бо хонум Ашита Миттал – Намояндаи минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, баргузор гардид.
Роҳбари Агентӣ меҳмонро бо ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи назорати маводи нашъаовар шинос намуд. Дар рафти вохӯрӣ Шерхон Салимзода оид ба вазъияти вобаста ба маводи нашъаовар дар Тоҷикистон, дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, оид ба иҷроиши барномаҳои зиддимухаддиротӣ бо Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон иттилоот дод.
Дар рафти сӯҳбат масъалаҳои ҳамкории судманди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ бо Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Роҳбари Агентӣ ба Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ барои расонидани кӯмаки амалӣ дар масъалаи таъминоти техникӣ ва омодасозии мутахассисони Агентӣ арзи сипос намуда, меҳмонро бовар кунонид, ки ҳамаи кӯмаки Раёсати СММ мақсаднок барои ташкили мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар истифода карда мешавад.
Дар нутқи ҷавобии худ хонум Миттал ба Директори Агентӣ барои ҳамкории эътимоднок, мустаҳкам намудани ҳамкории муштарак ва мавқеи ягонаи минтақавӣ ба масоили маводи нашъаовар арзи сипос намуд.
Дар анҷоми мулоқот тарафҳо изҳорибоварӣ намуданд, киҳамкориҳо дар ояндабозҳаммустаҳкамхоҳандгардид.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД