Вохӯри дар мавзӯъи терроризм ва экстремизм падидаҳои номатлуби ҷомеа

0
293

8 декабри соли 2017 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон вохӯрии ҳайати шахсӣ бо намояндаи Академияи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Муовини Директори Агентӣ Муртазо Ҳайдарзода дар баромади ифтитоҳии худ қайд намуд, ки яке аз масъалаҳои ҷиддии замони муосир, ки хатари минтақавию байналмилаллиро ба бор овардааст, суръатёбии раванди ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ ба ҳисоб меравад.
Имрӯзҳо дар як қатор давлатҳои дунё ҷангҳои харобиовар идома доранд, ки боиси афзоиши шумораи қурбониён ва дигар проблемаҳои иҷтимоӣ гардидаанд.
Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, оқибатҳои даҳшатбор ба бор меорад. Бинобар ин, ҷавонон бояд пайваста ба омӯхтани илму дониш, дӯст доштани Ватан ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз амалу кирдорҳои номатлуб дар канор бошанд.

IMG_6351Намояндаи Академияи ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Сафаров Ҳаётҷон иброз дошт, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳ байни тоҷикон барқарор ва устувор гардид ва давлати мо аз хатари даҳшатбори нобудӣ раҳоӣ ёфт. Вале дар замони мо шахсоне, созмонҳо ва ҳизбу ҳаракатҳое ҳастанд, ки мехоҳанд афкор ва мақсадҳои худро бо ҳар роҳу васила ва амалҳои тундравона амалӣ созанд.
Ифротгароӣ ва терроризм – зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор рафта, мубориза бар зидди он қарзи ҳар як инсони комил мебошад. Моро лозим аст, ки Ваҳдати миллиро пос дошта, ба қадри ин неъмати бебаҳо ва муқаддас бирасем ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоянд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД