Мулоқот бо Директори Иҷроияи СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) ҷаноби Юрий Федотов

0
189

19 октябри соли 2017 дар шаҳри Вена дар ҳошияи машваратҳои сиёсӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо Директори Иҷроияи СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) ҷаноби Юрий Федотов доир гардид.
Ҷонибҳо масъалаҳои умдаи ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва UNODC, инчунин масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои минтақавиро муҳокима намуданд.
Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои охир яке аз шарикони муҳими UNODC дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводди мухаддири истеҳсоли Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба ҳисоб меравад.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД