Вохӯриҳо доир тағйиру иловаҳо ба қонуни миллӣ

0
301

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар якҷоягӣ бо намояндагони Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Раёсати ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ дар толори коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, инчунин мактаби таҳсилоти умумии №19 ва маҳаллаи “Саноат”-и шаҳри Душанбе якчанд вохӯрӣ оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор намуданд.
Намояндагони гурӯҳи таблиғотӣ дар бораи моҳият ва мазмуни мулоқот, ки баҳри фаҳмонидани нуктаҳои муҳими Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ баргузор гардид, таъкид намуданд, ки қонуни миллӣ тавонист дар даҳ соли амали худ то андозаи муайян дар зиндагии мардум сарфакориро ҷорӣ намуда, дар самти камхарҷ баргузор кардани тӯю маъракаҳо роҳнамо шавад.
Дар мулоқот зикр шуд, ки ҳадафи асосии тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пеш аз ҳама, пешгирӣ аз зиёдаравӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва муҳайё намудани зиндагии шоиста барои онҳо мебошад.
Ба ҳозирин ҷузъиёт ва банду моддаҳоеро, ки ба онҳо тағйиру иловаҳо ворид шудаанд, ба таври мушаххас ба ҳозирин шарҳу тавзеҳ дода шуд.
Дар мулоқот масъалаҳои риояи фарҳанги либоспӯшӣ дар тӯю маросимҳои миллӣ, тақлид ба фарҳанги бегона, ба зиёдаравӣ роҳ надодани масъулин ҳангоми иҷрои корҳои вазифавӣ барои риояи қонуни зикршуда ва тарғиби унсурҳои дигари фарҳанги миллати тоҷик муҳокима гардиданд.
Дар охир миёни масъулини гурӯҳи таблиғотӣ ва ҳузурдоштагон табодули афкор сурат гирифт.

15082017 (1)

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД