Нишасти матбуотӣ аз рӯи натиҷаи фаъолияти Агентӣ дар нимсолаи якуми соли 2017

0
768

IMG_1976 IMG_19862 август дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ нишасти матбуотӣ аз рӯи натиҷаи фаъолияти Агентӣ дар нимсолаи якуми соли 2017 баргузор гардид, ки дар кори он Муовини якуми Директори Агентӣ Самад Зафар, сардорони хадамоти пешбари Агентӣ, намояндагони Васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ ва хориҷӣ иштирок намуданд.
Ба намояндагони васоити ахбори омма муаррифинома оид ба фаъолияти оперативӣ-хизматии Агентӣ дар нимсолаи якуми соли 2017 пешниҳод карда шуд. Дар баромад қайд гардид, ки Дар нимсолаи якуми соли 2017 дар ҷумҳурӣ 12 638 ҷиноятҳои умумӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 1% (соли 2016 – 12 519 ҷиноят) зиёд мебошад. Аз ин шумора 468-тоашро ҷиноятҳои мухаддиротӣ ташкил медиҳад, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 5,8% ҷиноят кам мебошад (соли 2016 – 497). Ҷиноятҳои мухаддиротӣ аз ҷиноятҳои умумӣ 3,7%-ро ташкил менамояд.
Дар 6 моҳи соли 2017 аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар аз муомилоти ғайриқонунӣ 2 т 365 кг 015 гр (с.2016 – 2 т 251 кг 671 гр) маводи нашъаовар мусодира карда шудааст аз ҷумла, аз ҷониби ВКД – 964 кг 616 гр (с.2016 – 1 т 145 кг 303 гр) ё 15,8 фоиз камтар, Хадамоти гумрук – 20 кг109 гр (с.2016 – 10 кг 226 гр) ё 96,6 % зиёд мебошад. Дар ин давра новобаста аз он, ки аз ҷониби Қӯшунҳои сарҳадӣ 144 кг 748 гр (с.2016 – 244 кг 550 гр) маводи нашъаовар мусодира гардида, фаъолияти он дар самти мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 40,8% коҳиш ёфта бошад ҳам, дар маҷмӯъ аз ҷониби КДАМ 939 кг 669 гр (с.2016 – 615 кг 512 гр) маводи нашъаовар мусодира карда шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 52,7 фоиз зиёд мебошад. Ҳамчунин аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 70 кг 069 гр маводи нашъаовар мусодира карда шуда, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта (с.2016 – 58 кг 530 гр) 19,7 фоиз зиёд мебошад. Дар маҷмӯъ дар ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 113 кг ё 5,0 фоиз зиёдтар маводи нашъаовар мусодира шуда бошад ҳам, нисбати солҳои пешин тамоюли пастравӣ дорад.
Дар давраи ҳисоботӣ Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 197 ҳодисаи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаоварро ошкор кардааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 69 ҳолат ё 54 фоиз зиёд мебошад.
Дар нимсолаи якуми соли 2017 аз ҷониби Агентӣ 84 (с.2016-68) ҷинояти вобаста ба маводи нашъаовар ошкор ва ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 16 ҳолат ё 23,5 фоиз зиёд мебошад.
Вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар 113 (с.2016-60) ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор карда шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 88,3 фоиз ё 53 ҳодиса зиёд мебошад. Дар натиҷа 151 (с.2016-83) нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, аз онҳо ба миқдори 159 ҳазору 110 сомонӣ (с.2016–78 ҳазору 520 сомонӣ) ҷарима ситонида шуд. Маблағи ҷарима нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 80 ҳазору 590 сомонӣ ё 2 маротиба зиёд мебошанд.
Гарчанде ҳодисаҳои ошкоргардида ва теъдоди шахсони дастгиршуда зиёд шуда бошанд ҳам, вале аз онҳо Агентӣ назар ба ҳамин давраи соли гузашта камтар маводи нашъадор дарёфт ва мусодира намудааст. Ин рақамҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар воқеъ дар дохили ҷумҳурӣ муомилоти маводи нашъаовар ба миқдори калон ва махсусан калон кам гардидааст.
Дар 6 моҳ аз ҷониби Агентӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 370 кг 552 гр (с.2016 – 422 кг 100 гр) маводи нашъаовар, аз ҷумла 6 кг 280 гр героин, 45 кг 127 гр афюн, 130 кг 347 гр ҳашиш ва 188 кг 798 гр бангдона мусодира гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар маҷмуъ 51 кг 548 гр ё 12,2 фоиз камтар мебошад.
Ҷиҳати пурзӯр намудани мубориза бар зидди гурӯҳҳои ҷиноятпеша аз ҷониби Агентӣ чораҳои мушаххас андешида шудаанд. Дар ин давра кормандони Агентӣ бевосита фаъолияти 24 (с.2016-25) гурӯҳи ҷинояткорро дар ҳайати 61 нафар ошкор ва қатъ гардониданд, ки 2-тои онҳо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша мебошанд.
Бо мақсади пешгирии нашъамандӣ ва мубориза бо паҳнкунандагони маводи нашъадор дар байни аҳолии ҷумҳурӣ тадбирҳо пурзӯр карда шуда, танҳо дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе 2 фасодхона ошкор ва фаъолияти онҳо қатъ карда шуд. Ҳоло он, ки соли гузашта ягон ҳолат ошкор нашуда буд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ ба суд ирсол гардид.
Аз тарафи ҳамаи мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ – Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Агентӣ дар давраи ҳисоботӣ 9 515 адад ҳабҳои (таблетка)-и моддаҳои психотропӣ мусодира карда шудааст, ки он назар ба ҳамин давраи соли гузашта 102 адад кам мебошад.
Агентӣ дар ин давра 58 (с.2016-57) парвандаи ҷиноятиро нисбати 92 (с.2016-86) нафар бо фикри айбдоркунӣ ба судҳо фиристонидааст. Аз ҷумла оид ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор бо мақсади фурӯш бо моддаи 200 КҶ ҶТ 48 парванда нисбати 74 нафар (с. 2016 – 49 парванда нисбати 74 нафар) ва оиди муносибати ғайриқонунӣ бо маводи нашъадор бо моддаи 201 КҶ ҶТ 8 парванда нисбати 15 нафар (с. 2016-8 парванда нисбати 12 нафар) ба судҳо ирсол карда шудаанд.
Ҳамчунин дар даври ҳисоботӣ аз ҷониби муфаттишони Агентӣ ба молу мулки ҷинояткорон ба миқдори 517 ҳазору 402 сомонӣ (с.2016-143 ҳазору 235 сомонӣ) ҳабс гузошта шудааст.
Дар ин давра бо мақсади ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ, аз ҷониби Агентӣ дар ҳамкорӣ бо Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ дар хати Сарҳади давлатӣ миёни Тоҷикистон ва Афғонистон 6 амалиёти муштарак гузаронида шуда, дар маҷмӯъ аз муомилоти ғайриқонуни 109 кг 357 гр маводи нашъаовар мусодира карда шуд. Дар рафти он як нафар қочоқҷӣ – шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон безарар гардонида шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар Дастгоҳи марказӣ ва Раёсатҳои вилоятии Агентӣ бо роҳи сӯзонидан дар маҷмӯъ 1 т 691 кг. маводи нашъаовар несту нобуд карда шуд, ки назар ба тамоми соли 2016 – 1 тонна зиёд мебошад.
Тибқи омори расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи нимсолаи 1-уми соли 2017 бо ташхиси «нашъамандӣ» 7102 нафар бемор ба қайд гирифта шудааст (дар нимсолаи якуми соли 2016 – 7185 нафар), ки ин нишондод ба 1,2% ё 83 нафар коҳиш ёфтааст. Мутаносибан теъдоди занҳо 183 ва 184 нафарро ташкил медиҳад.
Аз шумораи умумии нашъамандон (7102 нафар) 341 нафар бевосита дар 6 моҳи соли 2017 ошкор ва ба қайд гирифта шудаанд, ки 3 нафарашон занҳо мебошанд.
Аз ин миқдор –
Дар шаҳри Душанбе – 2 696 нафар (107 зан);
Дар вилояти Суғд – 1 138 нафар (45 зан);
Дар вилояти Хатлон – 1 304 нафар (20 зан);
Дар ВМКБ – 809 нафар (3 зан);
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 1 155 нафар (8 зан).
Намояндагони воситаҳои ахбори омма ба саволҳояшон ҷавобҳои пурра ва дақиқ гирифтанд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД