Нишасти матбуотӣ аз рӯи натиҷаи фаъолияти Агентӣ дар соли 2017

0
1380

24 январ дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ нишасти матбуотӣ аз рӯи натиҷаи фаъолияти Агентӣ дар соли 2017 баргузор гардид, ки дар кори он муовини Директори Агентӣ Муртазо Ҳайдарзода, сардорони хадамоти пешбари Агентӣ, намояндагони Васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ ва хориҷӣ иштирок намуданд.

Ба намояндагони васоити ахбори омма муаррифинома оид ба фаъолияти оперативӣ-хизматии Агентӣ дар соли 2017 пешниҳод карда шуд. Дар баромади муовини Директори Агентӣ қайд гардид, ки соли 2017 аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар аз муомилоти ғайриқонунӣ 4 т 448 кг (с.2016 – 3 т 426 кг 363 гр) маводи нашъаовар мусодира карда шудааст, аз ин ҷумла, 110 кг героин, 1 тоннаву 211 кг афюн, 2 тоннаву 384 кг гашиш ва 742 кг маводи нашъаовари гурӯҳи бангдона мусодира гардид.

Дар маҷмӯъ дар ҷумҳурӣ нисбат ба соли 2016 1 т 022 кг  гр ё 29,8 фоиз зиёдтар маводи нашъаовар мусодира карда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Агентӣ 164 (с.2016-152) ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар ошкор ва ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли гузашта 12 ҳолат ё 7,9 фоиз зиёд мебошад, аз онҳо: 105 ҷиноят бо моддаи 200 КҶ ҶТ (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан), 31 ҷиноят бо моддаи 201 КҶ ҶТ (Муносибати ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ), 11 ҷиноят бо моддаи 289 КҶ ҶТ (Қочоқ) мебошад. 17 ҷинояти боқимондаро дигар ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар ташкил медиҳанд.

Ҳамчунин вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар 237 (с.2016-137) ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор ва 289 (с.2016-177) нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, аз онҳо ба маблағи 275 ҳазору 920 сомонӣ (с.2016–161 ҳазору 170 сомонӣ) ҷарима ситонида шуд, ки назар ба соли гузашта шумораи ҳуқуқвайронкуниҳои ошкоргардида 100 ҳолат ё 73 фоиз зиёд гардида, маблағи ҷарима бошад 115 ҳазор сомонӣ ё 71 фоиз афзоиш ёфтааст.

Ба ин васила дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Агентӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 831 кг (с.2016 – 808 кг 149 гр) маводи нашъаовар, аз он ҷумла 7 кг 453 гр героин, 258 кг 094 гр афюн, 266 кг 845 гр ҳашиш ва 298 кг 563 гр бангдона мусодира карда шуд, ки дар маҷмуъ нисбат ба соли гузашта 23 кг  гр ё 2,8 фоиз зиёд мебошад. Ҳамчунин дар ин сол 40 адад ҳаббҳои синтетикӣ ва 151 кг 669 гр (с.2016–65 кг ) дигар намудҳои моддаҳои нашъаовар (прекурсорҳо) мусодира карда шуданд, ки нисбат ба соли 2016 86 кг 669 гр ё 2,3 маротиба зиёд мебошад.

Дар ин давра кормандони Агентӣ бевосита фаъолияти 52 (с.2016-48)  гурӯҳи ҷинояткорро дар ҳайати 115 нафар ошкор ва қатъ гардониданд, ки 5-тои онҳо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпешаи трансмиллӣ мебошанд.

Дар ин давра 115 (с.2016-112) парвандаи ҷиноятӣ нисбати 176 (с.2016-161) нафар бо фикри айбдоркунӣ ба судҳо фиристода шуданд. Аз ҷумла оид ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор бо мақсади фурӯш бо моддаи 200 КҶ ҶТ 92 парванда нисбати 141 нафар (с. 2016-90 парванда нисбати 129 нафар) ва оиди муносибати ғайриқонунӣ бо маводи нашъадор бо моддаи 201 КҶ ҶТ 17 парванда нисбати 25 нафар (с. 2016-20 парванда нисбати 29 нафар) ба судҳо ирсол  карда шудаанд.

Ҳамчунин аз ҷониби муфаттишони Агентӣ ба молу мулки ҷинояткорон ба маблағи 920 ҳазору 190 сомонӣ (с.2016-802 ҳазору 075 сомонӣ) ҳабс гузошта шуд, ки нисбат ба соли 2016 118 ҳазору 115 сомонӣ зиёд мебошад.

6 амалиётҳои муштарак бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Халқии Хитой гузаронида, гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ошкор ва аз онҳо 210 кг 075 гр маводи нашъадор мусодира карда шудааст.

Бо мақсади ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ бошад, аз ҷониби Агентӣ дар ҳамкорӣ бо ҚС КДАМ дар сарҳади давлатии миёни Тоҷикистон ва Афғонистон 13 амалиёти муштарак гузаронида шуда, дар маҷмӯъ аз муомилоти ғайриқонуни 296 кг 822 гр маводи нашъаовар мусодира карда шуд.

Аз ҷумла,  соли 2017 дар ҷумҳурӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар фаъолияти 7 гуруҳи муташаккили ҷиноятпеша (с.2016 – 4) ошкор ва қатъ гардонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳолат ё 75 фоиз зиёд мебошад. Аз ин шумора фаъолияти 5 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ танҳо аз ҷониби АНМН ошкор ва қатъ гардонида шудааст. Ҳоло он, ки дар солҳои 2012-2014 аз ҷониби мақомоти мазкур ҳар сол ҳамагӣ 2 ё 3 гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша ошкор мегардиду халос.

Дар самти ошкор ва дастгир намудани шахсони дар кофтукови байнидавлатӣ  қарордошта тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, 13 нафари онҳо дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

Инчунин, аз ҷониби кормандони Агентӣ 322 адад намудҳои гуногуни силоҳи оташфишон ва дигар муҳимоти ҷангӣ, аз ҷумла 2 адад автомати тамғаи “Калашников”, 5 адад таппонча, 3 адад дигар намуди силоҳ ва 312 адад муҳимоти ҷангӣ мусодира карда шуд.

Инчунин,  имрӯз дар оташдони махсуси  Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби дар қонунгузорӣ муқарраргардида, маросими сӯзонидани воситаҳои нашъадор баргузор гардид.

Имрӯз дар ҳузури комиссия аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ, инчунин бо иштироки намояндагони Васоити ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ 341 кг 196 гр маводи нашъаовар аз ҷумла:  24 кг 355 гр – героин, 31 кг 860 гр ҳашиш, 277 кг 073 гр маводи нашъаовари гурӯҳи каннабис, 7 кг  070 гр афюн аз рӯи 28 парвандаи ҷиноӣ, ки нисбати онҳо ҳукми суд баромадааст, бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар давоми ҳаждаҳ соли охир дар ин бухорӣ зиёда аз 20 тонна маводи нашъаовар сӯзонида шудааст. Соли 2017 дар Агентӣ 2 тоннаву 329 кг маводи мухаддир сӯзонида несту нобуд карда шудааст, ки ин назар ба соли 2016 1 тоннаву 463 кг ё 2,6 маротиба зиёд мебошад.

Назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ

Мувофиқи ҳисоботи муассисаҳои табобатии ҷумҳурӣ шумораи шахсони гирифтори бемории нашъамандӣ дар соли 2017 дар ҷумҳурӣ 6947  нафарро ташкил дода, нисбат ба соли 2016 1,7% коҳиш ёфтааст ва ба ҳар 100000 аҳолӣ 81,7 нашъаманд рост меояд. Ин нишондод соли 2016 7067 нафар ва 83,6 нашъамандро ташкил дода буд.

Дар соли 2017 муассисаҳои тандурустии кишвар танҳо 1 ҳолати фавтро дар натиҷаи заҳролудшавӣ аз маводи нашъадор ба қайд гирифтанд. Ҳоло он, ки дар соли 2016  7 ҳолат ва соли 2014 9 ҳолати фавт аз нашъамандӣ ба қайд гирифта шуда буд.

Аз шумораи умумии беморони дар қайдбуда 1123 нафар ё 16,2% ба вилояти Суғд, 1280 нафар ё 18,4% ба вилояти Хатлон, 799 нафар ё 11,5 % ба ВМКБ, 1189 нафар ё 17,1% ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 2556 нафар ё 36,8% ба ш. Душанбе рост меояд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД