Дар Бадахшон боз як нуқтаи фурӯши маводи мухаддир ошкор ва қатъ гардид

0
799

  Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар ҳудуди ҷамоати Поршневи ноҳияи Шуғнон, деҳаи Миденшор бо гумони даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, сокини 39 солаи ин ҷамоат, Қурбонҷонов Амриддин Давлатҷонович дастгир гардид, ки пеш бо ҷурми даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ду маротиба суд шудааст.

  Ҳангоми боздошт намудан аз дастгиршуда 9 адад бастачаҳои қоғазини дар дохилашон хокаи сафеди бӯи махсус, яъне героин дошта, ду адад телефони мобилӣ ва 457 сомонӣ пули нақд, дарёфт карда шуд.

  Дар натиҷаи баргузории чорабинии мазкур нуқтаи фуруши чаканаи маводи мухаддир, ки метавонист боз чандин ҷавонони ин минтақаро гумроҳ намудаю ба вартаи ҳалокат аз нашъамандӣ барад, ошкор ва қатъ карда шуд.

  Аз рӯи ҳодисаи мазкур чораи қонунӣ татбиқ гардида, тафтишот идома дорад.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД