Дар Бадахшон оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоту cуҳбатҳо  баргузор гардиданд

0
720

  Дар рӯзҳои аввали соли 2018 тибқи нақшаи муштарак бо мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ оид ба фаҳмондадиҳии муҳтаво ва самтҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ  вохӯриҳо баргузор гардиданд. Ҳамзамон дар рафти вохӯриҳо кормандони Раёсати Агентӣ оид ба терроризму экстремизм, шомил шудани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва пешгирии нашъамандӣ сухан ронданд.

  Дар охири вохӯриҳо кормандони Раёсати Агентӣ дар ВМКБ  варақаҳои иттилоотӣ оид ба зарари маводи нашъаовар ва тақвимҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро  тақсим намуданд.

  Бо ташаббуси кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар ВМКБ дар ҳамкорӣ бо Раёсати ҷавонон ва варзиши ВМКБ  санаи 16-уми январи соли 2018 дар Маркази ҷавонони  шаҳри Хоруғ семинари омӯзишӣ дар самти таъмини ҳаёти солими ҷавонон бо истифода аз усули “Ҳамсол бо ҳамсол”  байни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

  Дар он кормандони Раёсати Агентӣ оид ба маводи мухаддир ва оқибати нашъамандӣ сухан карданд. Дар рафти семинар байни ташкилкунандагон ва иштирокдорон саволу ҷавоб сурат гирифт, ки мутахассисони Раёсати Агентӣ ба саволҳои иштирокчиёни семинар посухҳои муфассал доданд.

  Ҳамзамон ба иштирокчиён дар бораи нашъамандон  филми мустанад намоиш дода шуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД