Дар шаҳри Душанбе фасодхонаи маводи нашъаовар безарар гардонида шуд.

0
648

Рӯзи 7 июл кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ хабари оперативӣ гирифтанд, ки меҳмонони яке аз хонаҳо дар кӯчаи академикҳо Раҷабовҳои ноҳияи Шоҳмансур дар ҳолати мадҳушӣ қарор доранд. Дари ин хона барои дӯстдорони маводи нашъаовар доимо кушода буд.
Кормандони Агентӣ қарор доданд ин хонаро кофтуков кунанд. Ҳангоми кофтуков якчанд вояи героин, 15 адад сӯзандоруи истифодашуда ошкор гардид. Маълум гардид, ки “меҳмонон” дар ин хона маводи нашъаоварро бе ягон мамониат истеъмол мекардаанд. Ташкилкунандаи фасодхона марди 41-сола, сокини пойтахт мебошад, ки қаблан ду маротиба: барои даст доштан ба ҷинояти мухаддиротӣ, инчунин авбошӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст.
Марди номбурда аз тарафи кормандони Агентӣ дастгир гардид, ки дар давоми ду моҳи охир меҳмонони фасодхонаро бо маводи нашъаовар таъмин менамудааст. Ӯ иқрор шуд, ки якчанд моҳ инҷониб худаш ҳам героин истеъмол мекардааст ва воситаи нашъадори героинро аз шиносаш бо номи “Амир” барои дар оянда ба истеъмолкунандагони маводи нашъаовар фурӯхтан дастрас намудааст.
Дар натиҷаи андешидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Ҳисор ду нафар шаҳрвандон дастгир гардиданд, ки онҳо низ қаблан барои даст доштан ба маводи нашъаовар ва авбошӣ суд шуда будаанд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз онҳо маводи нашъаовари героин дарёфт гардид.
Тафтишоти пешакӣ нишон дод, ки аъзоёни ин гурӯҳи ҷиноятпеша бо паҳн намудани маводи нашъаовар дар байни сокинони шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ машғул будаанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.
Ташкилкунандаи фасодхона ва “таъминкунандагон”-и он айни ҳол дастгир шудаанд ва ба Тавқифгоҳи Нигоҳдории Муваққатии Агентӣ ворид карда шуданд. Пас аз ба итмом расидани амалҳои тафтишотӣ парванда ба суд ирсол карда мешавад.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД