Дар Вазорати корҳои хориҷии ҶТ “Шарҳи вазъи нашъамандӣ” муаррифӣ карда шуд

0
583

30 июни соли ҷорӣ бо ташаббуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, роҳбарони миссияҳои дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии ғайридавлатӣ муаррифии маҷаллаи “Шарҳи вазъи вобаста ба маводи нашъадор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016” баргузор гардид.
Чорабиниро муовини Вазири корҳои хориҷии ҶТ Музаффар Ҳусейнзода оғоз намуд.
Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Шерхон Салимзода бо сухани ифтитоҳӣ ҷаласаро кушода, ба кишварҳои маблағгузор барои ҳамкорӣ миннатдории хешро баён намуд ва қайд кард, ки маҷаллаи “Шарҳи вазъи нашъамандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016” моҳи марти соли ҷорӣ дар чорчӯбаи кори сессияи навбатии Комиссия оид ба воситаҳои нашъадор дар шаҳри Вена дар байни иштирокчиёни сессия паҳн карда шуда буд.

30062017-3
Ба ҳозирин “Шарҳи вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016” муаррифӣ карда шуд. Диққати асосӣ ба мавзӯъҳои тамоюлҳои асосии инкишофи вазъи мухаддиротӣ дар кишвар ва минтақа, тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ҳамчунин созмонҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ дар самти назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ, мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, истеҳсоли ғайриқонунии маводи нашъадор дар Афғонистон, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор, мустаҳкам намудани сарҳади давлатӣ, гузаронидани амалиётҳои муштараки зиддимухаддиротӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои минтақа, ҳамкориҳои байналмилалӣ, амалисозии барномаҳо ва татбиқи лоиҳаҳои зиддимухаддиротӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шуд.. Таъкид гардид, ки таҳлили ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар дар ҶТ дар соли 2016 гузаронида шуда, вазифаҳои асосӣ барои соли 2017 дар соҳаи муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ дар Тоҷикистон муайян гардиданд.
Дар рафти муаррифии маҷаллаи “Шарҳ” намояндаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ хонум Ашитта Миттал баромад намуда, масъалаи таҳияи барномаҳо ва лоиҳаҳои зиддимухаддиротии СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткориро дар Тоҷикистон ва татбиқи онро хуб арзёбӣ намуд.
Ба иштирокчиёни презентатсия маҷаллаи “Шарҳи вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016” ва шакли электронии он тақсим карда шуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД