Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон брифинг баргузор гардид

0
1052

18 март дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон брифинг бо иштироки роҳбарони миссияҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар мавзӯи “Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи муқовимат ба ангезаҳо ва хатарҳои муосир” баргузор гардид.


Брифингро сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва банақшагирии сиёсати берунаи ВКХ ҶТ Абдулфайз Атоев кушод.

Пас аз ин Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Р. Назарзода, Намояндаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ хонум Ашита Миттал, муовини Вазири адлияи ҶТ Шаҳноза Нодирӣ баромад намуданд.

Директори Агентӣ Р. Назарзода ба ҳозирин “Шарҳи вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014”-ро муаррифӣ намуд. Дар баромад диққати асосӣ ба мавзӯъҳои он – мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, истеҳсоли ғайриқонунии маводи нашъадор дар Афғонистон, чораҳои коҳиши талабот ба маводи нашъадор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкории байналмилалӣ ва амалисозии барномаҳои зиддимухаддиротӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шуд. Инчунин мавзӯи мустаҳкам намудани сарҳади давлатӣ, гузаронидани амалиётҳои муштараки зиддимухаддиротӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои минтақа инъикос гардид. Таҳлили ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар, пешгӯии вусъатёбии вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар ҶТ дар соли 2015 гузаронида шуд, вазифаҳои асосӣ барои соли 2015 дар соҳаи муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ дар Тоҷикистон муайян гардиданд. Инчунин қайд гардид, ки моҳи майи соли ҷорӣ бо ташаббуси Президенти ҶТ дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи олӣ оид ба масъалаҳои васеъ намудани ҳамкории зиддимухаддиротӣ баргузор хоҳад гардид.

Сипас Намояндаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ хонум Ашита Миттал баромад

намуда, масъалаи таҳияи барномаҳои зиддимухаддиротии СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткориро дар Тоҷикистон инъикос намуд.

Муовини Вазири адлияи Тоҷикистон Шаҳноза Анварӣ дар маърӯзаи худ масъалаҳои ҷорӣ намудани адлияи ювеналиро баррасӣ намуд.

Дар хотима роҳбарони миссияҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ба маърӯзачиён бо саволҳо муроҷиат намуданд.

Ба иштирокчиёни брифинг “Шарҳи вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014” ва “Таҳлили озмоишии оқибатҳои иҷтимоӣ-иқтисодии истеъмоли маводи нашъаовар ба истеъмолгарон ва аъзоёни оилаи онҳо дар ш. Душанбе” тақсим карда шуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД