Дар Минск ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии СААД баргузор гардид

0
618

8 июни соли равон дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти ваколатдори мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) таҳти раисии статс-секретар – муовини Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия Игор Зубов баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур дар баробари роҳбарони мақомоти ваколатдори мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари давлатҳои аъзои СААД муовини Котиби Кулли СААД Ара Бадалян, муовини Котиби давлатии Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Белорус Андрей Втюрин ва дигар аъзоёни ҳайатҳо ширкат варзиданд.
Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия Шерхон Салимзода дар ҷаласа иштирок ва суханронӣ намуда, доир ба вазъи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, натиҷаҳои фаъолияти мақомоти ваколатдори Тоҷикистон дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, пешгирии нашъамандӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт маълумот дод. Ҳамчунин таъкид гардид, ки масъалаи қочоқи маводи нашъаовари афғонӣ ва моддаҳои сахттаъсири психотропӣ ба Тоҷикистон ташвишовар боқӣ мемонад.
Аъзоёни Шӯрои ҳамоҳангсозӣ дар бораи рушди минбаъдаи ҳамкориҳои судманд, баргузории амалиётҳои муштараки зиддимухаддиротӣ, вусъат додани мубориза бар зидди ҷинояткории трансмиллӣ ва бастани роҳҳои қочоқи маводи нашъаовари афғонӣ ба ҳудуди давлатҳои СААД изҳори назар намуданд.09062017-2

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД