Дар Тоҷикистон натиҷаҳои амалиёти “Кӯкнор-2017” баррасӣ гардиданд

0
127

Мутобиқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва ошкор намудани муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, бастани роҳҳои интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар дар ҳудуди кишвар ва тавассути Сарҳади давлатӣ, ошкору нобуд сохтани растаниҳои нашъадори худрӯй ва ғайриқонунӣ киштшуда, дар қаламрави ҷумҳурӣ аз 20 май то 30-юми ноябри соли равон дар ду марҳила амалиёти «Кӯкнор-2017» гузаронида шуд.
Дар амалиёт кормандони вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, Кумитаҳои давлатии амнияти миллӣ, ҳифзи муҳити зист, телевизион ва радио, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовар, Хадамоти гумрук, намояндагони мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии ВМКБ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон иштирок намуданд.
Ҷиҳати бастани роҳҳои интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар дар дохили ҷумҳурӣ ва қочоқи он тавассути Сарҳади давлатӣ, дар роҳҳои автомобилгард дидбонгоҳҳои муваққатӣ ва сайёр гузошта шудаанд.
Дар натиҷаи амалӣ намудани амалиёти «Кӯкнор-2017» аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунӣ 3 тоннаву 292 кг 762 грамм маводи нашъаовар мусодира гардид, аз ҷумла 33 кг 473 гр героин, 656 кг 516 гр афюн, 2 тоннаву 74 кг 432 гр гашиш ва 528 кг 34 гр бангдона.
Бо мақсади пешгирии сӯйистеъмоли маводи нашъаовар дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, телевизион ва радио, кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаҳои чорабиниҳои муштарак таҳия ва тасдиқ гардида, дар асоси он байни табақаҳои мухталифи аҳолии ҷумҳурӣ, ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ, аз ҷумла занон ва ҷавонон оид ба пешгирии нашъамандӣ, омилҳои хариду фурӯши одамон ва эмин нигоҳ доштани аҳолӣ аз ин хатарҳо чорабиниҳои оммавӣ, фарҳангӣ, пешгирикунанда ва фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД