ДАР МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ АГЕНТӢ КУРСҲОИ ОМӮЗИШӢ ОҒОЗ ГАРДИДАНД

0
75

Мутобиқи Нақша оид ба гузаронидани курсҳои махсуси тайёрии ҳарбӣ-хизматӣ бо кормандони ҷавон ва нав ба кор қабул шудаи Агентӣ дар Маркази таълимии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ рӯзи 13 ноябр курсҳои омӯзишӣ оғоз гардиданд, ки то 25 ноябр давом мекунанд. Дар курсҳои мазкур 24 нафар кормандони ҷавони раёсату шуъбаҳои Дастгоҳи марказӣ ва раёсатҳои Агентӣ дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ВМКБ иштирок менамоянд. Чорабинии мазкур бо дастгирии Намояндагии СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон ташкил гардидааст.
Дар рафти омӯзиш устодони таҷрибадори Агентӣ, собиқадорони Агентӣ, инчунин таълимгар-дастурдеҳони Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ кормандони ҷавонро дар мавзӯҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020”, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ки фаъолияти Агентиро ба танзим медароранд, тартиби гузаштани хизмат дар Агентӣ, фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ таълим медиҳанд. Инчунин машғулиятҳои интерактивӣ бо техникаи компютерӣ ва машғулиятҳои амалии сафороӣ гузаронида мешаванд.
Баъди анҷоми курсҳо санҷиш гирифта шуда, сертификатҳои дахлдор супорида мешаванд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД