Дар вилояти Хатлон ҳаҷми махсусан калони маводи нашъаовар мусодира гардид

0
476

17 августи соли равон кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти гузаронидани чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуи ҷамоати деҳоти Турконии ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон автомашинаи тамғаи “Мерседес”-ро таҳти идораи сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин боздоштанд.
Ҳангоми азназаргузаронии автомашина аз бағоҷ ду борхалтаи полиэтиленӣ бо маводи алафи хушккардашудаи бӯи махсус дошта дарёфт ва мусодира гардид.
Тавре мутахассисони Шуъбаи экспертизаи судии Агентӣ муайян намуданд, маводи мусодирашуда воситаи нашъадори навъи бангдона буда, вазни умумии он 24 кг 550 гр мебошад.
Тафтишоти пешакӣ муайян намуд, ки боздоштшуда қаблан ду маротиба – барои дуздӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор суд шуда будааст. Номбурда ҳангоми иҷрои ҷазо дар муассисаи ислоҳии ҷумҳурӣ бо шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон робитаи ҷиноӣ пайдо намуда, минбаъд маводи нашъаоварро аз ӯ харидорӣ намудааст.
Нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Айни ҳол чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ барои муайян ва дастгир намудани шаҳрвандони Тоҷикистон ва Афғонистон, ки ба ҷинояти мазкур алоқамандӣ доранд, идома доранд.
Боздоштшуда ба Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Агентӣ ворид карда шуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД