Дар бораи Агентӣ

Вазифаҳои асосӣ

  • Таъмини ҳамоҳангсозӣ дар масъалаҳои назорати маводи нашъаовар дар сатҳи миллӣ.
  • Баргузории амалиётҳо ва тафтишоти алоқаманд бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқи онҳо. Ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсус оид ба масъалаҳои мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар.
  • Ҳамоҳангсозии фаъолияти вазоратҳо ва идораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ғайридавлатӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ ва коҳиши талабот ба маводи мухаддир.

Таъсиси Агентӣ
Вена, 27 апрели соли 1999

Протокол дар бораи таъсиси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба назорати маводи нашъаовар ва пешгирии ҷинояткорӣ, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо намуд.

Душанбе, 1 июни соли 1999

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсиси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”.

Душанбе, 17 июни соли 2003

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба назорати маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳуҷҷати лоиҳавии “Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон (АНМН-Марҳилаи II» – ро имзо намуданд.

Аз соли 2000 сар карда наздик ба 400 нафар кормандони Агентӣ дар курсҳои такмили ихтисос ва семинарҳо, аз ҷумла дар кишварҳои ИДМ ва хориҷи дур омӯзиш диданд.

Мониторинги ҳифзи ҳуқуқи инсон

Берунӣ Дохилӣ
Прокуратураи генералӣ

Суди Конститутсионӣ
Созмонҳои байналмилалӣ ва ҳифзи ҳуқуқ

Раёсати СММ оди ба маводи нашъаовар

ва ҷинояткорӣ (риояи шартҳои шартнома

дар бораи хизмат дар АНМН)

Созмонҳои ҷамъиятӣ

ВАО

Комиссияи аттестатсионӣ

Комиссия оид ба баррасии арзу шикоят
Хадамоти амнияти дохилӣ

Суд шарафи афсар