КИНОЛОГ- КАСБИ МУШКИЛ ВА МАСЪУЛИЯТТАЛАБ

0
178

21-июн ҳамчун Рузи кинологҳо барои муттаҳид намудани намояндагони ин касби муҳим интихоб гардидааст, ки онро нафарони меҳрубон, дилсӯз, босабр,  ҳатмӣ ва пуртоқат, бештар дар давлатҳои собиқ иттиҳоди шӯравӣ ҷашн мегиранд.

Сагҳо нисбат ба инсон бӯйро даҳҳазор маротиба сахттар эҳсос менамоянд, бинобар ин шуъбаи кинологӣ ва он масъулиятеро, ки сагҳо хуб омухта  аз худ кардаанд ягон таҷҳизоти навтарини техникии муосир иваз карда наметавонад. Ҳаминтавр сагҳо дар қатори одамон фаъолияти хизматӣ бурда ба кори онҳо кӯмак мерасонанд.

Аз соли 2001 то инҷониб дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуъбаи кинологӣ фаъолият менамояд.

0 (4)

Шӯъбаи мазкур дорои 15 нафар кинологҳои соҳибтаҷриба мебошад, ки онҳо курсҳои махсуси омӯзиширо оид ба назарияи омӯзиши сагҳо, қоидаҳои асосии нигоҳ доштан ва ғизо додан ба сагҳо, риояи талаботи бехатарӣ ҳангоми ром кардани сагҳои хизматӣ, омӯзонидани саги хизматӣ бо истифодаи лавозимоти махсус барои ромкунӣ, мустаҳкам намудан ва тақвият бахшидан ба рефлекси саги хизматӣ ба дарёфти маводи нашъаовар ва машқҳои гуногунро дар хориҷи кишвар аз худ намуда, дорои сертификат мебошанд.

Агентӣ 24 саги хизматӣ аз зотҳои хушсифати Спаниели руссӣ, Спаниели кокери англисӣ, Овчаркаи олмонӣ, Овчаркаи белгиягӣ мебошад, ки аз ин 5-саг дар дастгоҳи марказӣ, 2-саг дар РАНМН дар ВМКБ, 5-саг дар РАНМН дар вилояти Суғд, 2-саг дар РАНМН вилояти Хатлон ва 1-саг дар ноҳияи Лахш дар амалиётҳои ҷустуҷӯӣ, аз назаргузаронии бағоҷи мусофирон дар фурудгоҳ ва Роҳи оҳан, нуқтаҳои гузаргоҳи Панҷи поён ва Мурғоб ҳамчунин дар амалиётҳои муштаррак ва ё амалиётҳои дигар мақомотҳои  ҳифзи ҳуқуқ хизмат менамоянд.

Барои сагҳо дар соати муайян хурок дода шуда, вақти истироҳат, шустушӯй, омӯзиш ва аз назорати духтури бойтор гузаштан, яъне реҷаи махсуси хизматӣ ва зист муайян карда шудааст.

P1200863

      “Дора” – зоти Спаниели кокери англисӣ, модина, ҳамагӣ 11 сол дорад.

“Дора” дар Агентӣ 10 сол боз фаъолият менамояд. Дар ин муддат ӯ дар зиёда чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ фаъолона иштирок намуда, дар давоми фаъолияташ аз гардиши ғайриқонунӣ зиёда аз 800 килло маводи нашъаоварро ошкор намудааст.

0 (2)

“Нико”- зоти Спаниели руссӣ, нарина, ҳамаги 7-сол дорад.

“Нико” дар давоми фаъолияташ дар Агентӣ зиёда аз 600 килло маводи нашъаоварро ошкор намудааст.

Ҳамин тариқ ҳамаи сагҳои хизматии Агентӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд. Сагҳо пез аз сафарбар шудан ба амалиётҳо ва ё ба сафари хизматӣ ва баъд аз бозгашт ҳатман аз муоинаи духтури бойтор гузаронида мешаванд.

Кинолог- касби мушкил ва масъулиятталаб, ҳамарӯза ва ҳатто хатарнок мебошад. Дар баробари ром буданаш саг ҳайвон аст ва касе кафолати ҳамеша гапдароии ӯро дода наметавонад, бинобар ин ҳар як кинолог дар ҷисмаш изеро “хотира” аз дандони саги ромкардааш дорад.

Сагҳои хизматӣ дар тамоми мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ фаъолият намуда, нафъи хешро мерасонанд.

Дар Рӯзи кинологҳо сагҳо дар баробари “музди меҳнат”- бо ғизои лазизу фоиданоки идона ба монанди канд ва хуришҳои хушку бомазза зиёфат дода мешаванд.

 

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД