Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

0
921

   Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори тамоми мардуми ҷумҳурӣ дар тамошои дастаҷамъонаи Паёми Асосгузори сулҳу  Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлисии Олии кишвар иштирок намуданд.

   Зимни ироаи Паём Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли оянда муайян намуда, дар баробари дигар масъалаҳои муҳим ҳамчунин қайд намуданд, ки муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои маблағгузории терроризми байналмилалӣ ва нооромиҳо дар ҷаҳон ба шумор меравад.

   Тибқи маълумоти расмии Созмони Милали Муттаҳид имсол дар Афғонистон майдони кишти ин зироатҳо 63 фоиз зиёд шуда, то ба 328 ҳазор гектар расидааст ва дар назар аст, ки истеҳсоли маводи мухаддир нуҳ ҳазор тоннаро дар муодили афюн ташкил хоҳад кард ва кӯшиши интиқоли қисми муайяни ин мавод тавассути кишвари мо низ сурат хоҳад гирифт.

   Бо вуҷуди ин, зарур аст, ки мубориза бар зидди маводи мухаддир аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовар ва дигар сохтору мақомот боз ҳам пурзӯр гардида, дар ин самт тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

   Паёми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба ҳисоб рафта, ҷомеаро ба фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш даъват менамояд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД